​Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба тероризму экстримизм дар Тоҷикистон

Лозим ба ёдоварист ки, дарвазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна ва ҳаракатҳои фоҷиавори он имрӯза ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки дар замони муосир як қатор ҷавонони аз сабаби надоштани маълумоти кофӣ ва аниқи илми дунявӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гардида то ҳатто оқибати кирдори худро дарк карда наметавонанд. Дар натиҷаи тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои халқу миллат ва давлати мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, имрӯз аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварамон масъулияти дучандро бо дарназардошти замони муосир тақозо мекунанд. Дар ҷомеаи имрӯзамо хуб дарк кардаистодаем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.

Барои аҳли ҷомеаи мо равшан аст, ки чаро Президенти мамлакат оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду ҳамаи шаҳрвандонро ҳушдор месозанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба ташвиш овардааст.

Қабл аз он, ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуби зараровари ҷомеа сухан ронем зарур аст, ки дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва инкишофу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм эътибор диҳем. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шакл ва тарзҳои гуногун амал мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир бозгў кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дигари пайдоиш ва инкишофу хурӯҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд.

Мусаллам аст, ки марҳилаи нави терроризм ва экстримизм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб шуда, адр ҷомеа бо номи «терроризми сиёсӣ» паҳн шудааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Амалҳои террористии ин ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба тарс ва ваҳму воҳима овардани аҳолии осоишта ба шумор мерафт.

Бояд тазаккур дод, ки зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар оғози бетартибиҳои дохилӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, зиёд шудани шахсони бекормонда, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро дар тамоми саросари мамлакат ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардида буд, ба он боис гардид, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Дар натиҷаи ба вуҷуд омадани ин ҳолати ногувор намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ сӯистифода намуда, бо мақсади амали гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Зеро ин амал мақсади асосӣ дар нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо ба шумор рафта, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб менамуданд. Албатта дар ин шароити номуайяни ғайричашмдошт мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан хеле душвор буд ва барои ин кор маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Бинобар ин, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво бо мақсади амалигардонии мароми нопоки зери пардагии худ ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ яъне хоҷагони хориҷии худ бо нияти дар ботин доштаашон муроҷиат намуданд.

Чунин вазъияти муташанниҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадаро давлатҳои исломӣ истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Чунончӣ имрӯз баъзе аз зумраи ҷавонони давлати мо ба хотири маблағҳои зиёди бардурӯғи дар ваъдаҳояшон нишон додашуда ҷони модару оила ва фарзандону пайвандони хешро дар хатар мегузоранд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва фароҳам овардани шароитҳоиҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорат монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Имрўз терроризм пеш аз ҳама хусусияти фаромиллӣ ва глобалиро касб кардааст, ки он дар минтақаҳои гуногуниҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳу субот ва пойдору устувори муборизаи беамони зидди терористиро дар ҷаҳони имрӯза мақсаду мароми худ мешуморад.

Алҳол вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон ҳамчун амали боиси ташвиш боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти дастраскардаи коршиносони боэътимод имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад, дар давомисолҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқўъ пайвастаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Дар ин хусус иқдомҳои террористӣ дар Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи мухталифи дигар гувоҳӣ медиҳанд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурўши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Ба андешаи мо дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят - қочоқи маводи мухаддир шудааст, ки тибқи маълумоти сершумори мавҷуда яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи Консепсияи ягонаи мубориза бар зиддион ниёз дорад. Маънидод кардани терроризм ҳамчун падидаи дорои ҳадафи сиёсӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳам мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо терроризм тақозои замон аст.

Дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1999 №5 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 25.12.15 с., № 1266 ва Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз 5 марти соли 2018 № 1033 ташкил медиҳанд. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Ин амалия то ҳол идома ёфта, ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ, роҳ надодан ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таблиғоти террористӣ, таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакат ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ равона шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар вилояти Суғд низ ба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло ба пуррагӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ умуман арзи ҳастӣ ва вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин самт дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар аҳамияти хоса зоҳир намоянд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои нақшавиро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои зикргардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон мукаммал ва ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад, чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрўз асосан ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

Шукуров Нуралӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ