​Заминаҳои рушди тафаккури миллӣ дар оила ва нақши он дар пешгирии падидаҳои манфӣ

“Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр ниҳоят муҳим мебошад”.

Агар оила ба тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон аҳаммияти хоса зоҳир намояд, ҷавонон низ чун ҷузъи ҷомеа аз ҷиҳати ахлоқиву маънавӣ ва ҷисмонӣ хуб ташаккул меёбанд. Ба ибораи дигар, нақши оилаи дорои тафаккури баланд, тарбиядидаву ботаҳаммул ва бонизом дар рушди ҷомеа ва давлат таъсири мусбат мерасонад. Агарчи ҳар шахс хоҳ нохоҳ дар оила таваллуд ва ташаккул меёбад, пас муҳити бакамолрасидаи ӯ низ бетаъсир намемонад. Фарзанди дар оилаи солим тарбияёфта ба манфиати оила, ҷомеа ва давлат хидмат менамояд вагарна, баръакси он роҳест ба хатар, гумроҳӣ ва ҷиноят.

Таҳқиқотҳои сотсиологӣ собит менамоянд, ки шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ба муҳити оилавӣ иртиботи муассир дорад. Дар ин замина ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки ба ин гуруҳҳо аз як оила як қатор аъзо ва ё пурра оилавӣ шомил низ мешаванд. Пурсидашудагон чунин иттилоъро аз сарчашмаҳои телевизион (44,7%), овоза (26,8%), радио (25,7%), воситаҳои интернетӣ (19,2%), нашрияҳо, газета (17%), шабакаҳои иҷтимоӣ (16,3%), бозор (12,8%), маъракаҳои мардум (10%), мақомоти маҳаллӣ (5,1%), созмонҳои ҷамъиятӣ (СҒҲ) (2,8%), созмонҳои байналмилалӣ (1,8%), брошюра, варақа ва плакатҳо (2,8%) ва семинару тренингҳо (6,1%) ошногӣ ва дарёфт намудаанд.

Дар натиҷа, метавон ба чунин андеша расид, ки оила нахустин муассисаест, ки ҷавононро ба зиндагии мустақил, иҷтимоӣ тайёр мекунад, тафаккури иҷтимоӣ, эътиқод, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеалҳо ва ғайраҳоро инкишоф медиҳад. Кӯдак дар оила одоб, меъёри муайяни зиндагӣ ва иҷтимоиро меомӯзад, дарси фидокорӣ, муҳаббат, садоқат ба халқи худ ҳамкориро меомӯзад, дар як вақт онро дар ниҳоди худ мепарварад. Бо сабаби он ки оила як ҷузъи ҷамъият аст дорои сифатҳои мухталиф ва бо худ хос мебошад. Дар ҷомеаҳои гуногун ин сифатҳо ва вазифаҳо ба далелҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто сиёсию ҷуғрофӣ вобаста аст.

Заминаи асосии тарбияи солим ин олиа аст. Агар тарбия дар оила дуруст ба роҳ монда шавад, он дар пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа нақши муассир мегузорад.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ