​Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

Таҳти ин ном бо ташаббуси кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии факултети филологияи рус маҳфили кушоди илмии донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ гузаронида шуд.

Дар маҳфили илмӣ донишҷӯёни бахши якум оид ба ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно маълумот ироа карда, аз ашъори мавсуф ғазалу шеърҳо қироат карданд.

Ҳамзамон, аз рӯйи эҷодиёти Мавлавии бузург саҳнаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом шиносоии донишҷӯён бо муҳтавои осор ва гиромидошти хидматҳои мондагори Мавлоно Балхӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ