​Вусъати корҳои ободонӣ дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Палос

Дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи байналмилал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намуданд. Дар доираи ин иқдом дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и донишгоҳ низ бо ҷалби беш аз 200 нафар донишҷӯён ҳашари ободонӣ сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид намуд, ки раёсати донишгоҳ дар партави сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои хуб аз тамоми имконият истифода мебарад.

Дар доираи ҳашари ободонӣ дар гирду атрофи минтақа корҳои поккорӣ ва тозакунӣ сурат гирифта, 1300 бех ниҳолҳо сафед карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан ҷиҳати омода намудани замин барои кишту кор тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки беш аз 2200 бех анвои гуногуни ниҳоли ангур шинонида шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и донишгоҳ бо масоҳати 25,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақа наздик 10 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун парвариш меёбанд. Аз он ҷумла, 6000 бех ангур, 411 бех зардолу, 17 бех олу, 148 бех себ, 59 бех анҷир, 346 бех шафтолу, 208 бех биҳӣ, 570 бех анор, 265 бех бодом, 40 бех гелос, 190 бех олуча, 8 бех чормағз, 6 бех нок, 761 бех тут, 15 бех хурмо, 70 челон, 44 бех арча ва 41 адад дарахтони сояафкан (чинор) парвариш меёбанд, ки ҳамаи он ба устодону кормандон ва донишҷӯёни эҳтиёҷманд (ятмони кул, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра) ройгон тақсим мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа ниҳолҳои интенсивии шафтолу ва зардолу мавҷуд буда, ба масоҳати 0,20 га боғи нав бунёд гаштааст. Ҳамчунин бо истифода аз як киломтер қубури 76 дематрӣ ба боғи навбунёд об бароварда шудааст.

Мувофиқи маълумоти масъулин, ҳамасола беш аз 20 тонна анвои гуногуни мева аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” ба даст оварда мешавад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ