ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР «ХУРРАМЗАМИН»
Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин»-и Донишгоҳ маъракаи васеи ниҳолшинонӣ ва ободониву кабудизоркунӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 200 нафар омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ фаъолона иштирок варзида, барои ободу зебо гардонидани муҳити Донишгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Иштирокдорон бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ ба корҳои тозакунии муҳит, омодасозии қитъаҳои замин ва шинонидани ниҳолҳо машғул гардиданд.
Тибқи нақша, дар ин минтақа беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд, ки он барои сабзгардонӣ, беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва зебо гардидани муҳити Донишгоҳ мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумат амалӣ гардида, ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба табиат мусоидат менамоянд.
Масъулин таъкид намуданд, ки корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин» ва дигар мавзеъҳои Донишгоҳ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил