​ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАҲОИ ERASMUS+

Санаҳои 27-28-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи «Сарбон»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии солонаи Erasmus+ оид ба ислоҳоти таҳсилоти олӣ ва иттилооти илмӣ (HEREs) таҳти унвони «Имкониятҳои рушди таҳсилоти олӣ», инчунин Форуми илмӣ-таълимии «Дастрасӣ ба иттилооти илмӣ ва фаъолияти нашриявӣ» баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Зокирзода ширкат варзида, доир ба густариши ҳамкории Донишгоҳ, мубодилаи таҷриба ва иштирок дар барномаҳои Erasmus+ суханронӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар таҳсилоти олӣ, раванди Болония ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои минтақавӣ дар доираи барномаи Erasmus+, нашрияҳои илмӣ, библиометрия, рейтингҳои донишгоҳӣ, нақши китобхонаҳо дар ташаккули хизматрасониҳои муосири иттилоотӣ аз самтҳои асосии форум ба шумор меояд.

Маводи конфронс дар маҷаллаҳои илмии «Perspectives of Higher Education Development», «INFOLIB» ва «KUTUBXONA.UZ» нашр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ