Ворисони чингиз ваҳшӣ хоҳад монд
Дар асоси моддаи 11-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи худро бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Конститутсия қонуни асосии давлат аст. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риоя шудааст. Далели гуфтаҳои боло робитаҳои дуҷонибаи дӯстонаи Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Чин ва ғ. ба шумор меравад.
Аммо мутаасифона, баъзе давлатҳои ҳамсоя чун Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳар гуна баҳонаҳои беасоси ҳудудӣ ва манфиатҷӯии худ бо ҷумҳурии мо зиддияти сиёсии худро пеш гирифтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки чанд соли охир дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозони қирғиз чандин задухӯрдҳои ҳарбӣ ба амал омад. Аз рӯи таҳлилҳои дутарафа маълум гардид, ки сабабгори муноқишаҳои ба амал омада корҳои иғвогароёнаи мақомотҳои кудратӣ ва баъзе мардуми маҳаллӣ ба шумор меравад.
Ин ҳолати сиёсӣ ба ду давлати ҳамсоя аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ зарари зиёди манфии худро расонида истодааст. Аммо ҳолати мазкурро Ҷумҳурии Қирғизистон дарк намекунанд ва дар натиҷа вазъият торафт муташанниҷ шуда истодааст.
Субҳи санаи 14 июни соли ҷорӣ чунин задухӯрди ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амал омад. Аз рӯи маълумоти «Sputnik Таджикистана» соати 6:00 субҳ мардуми ҷамоати Ворух овози садо додани тирро шуниданд. Якчанд соат задухӯрди ҳарбӣ ба амал омад ва дар натиҷа аз ду ҷониб сарбозон ҷароҳат бардоштанд. Ҳолати ба амал омада боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки зиддияти ду давлати ҳамсоя барои ҳарду ҷониб фоида надорад.
Мо омӯзгорони ҷавон то тавонем, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия мекунем ва марзу буми Ватани азизамонро аз душман дифоъ хоҳем кард.
Муҳаммад Шарипов – муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археология