​Вазъи кунунии Афғонистон баъд аз ба сари қудрат омадани толибон

Вазъи кунунии Афғонистон баъд аз ба сари қудрат омадани толибон таваҷҷӯҳи коршиносон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, дипломатҳо, рӯзноманигорон, созмонҳои байналхалқиро бештар ба худ ҷалб намуд. Зеро ҳама ба умеди он буданд, ки баъди ворид шудани толибон ба Кобул ва тарки Афғонистон аз ҷониби неруҳои ҳарбии ИМА дар ин кишвари ҷангзадаю ноамн сулҳу субот ва оромӣ пойдор ва устувор хоҳад гашт.

Мутассифона вазъи имрӯзаи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ, ноором, хатарафзо мебошад. Толибон гарчанде қудратро ба даст гирифтанд, муддати тӯлонӣ натавонистанд, ки ҳукумати худро таъсис диҳанд ва дар мамлакаторомиро таъмин намуда, ба ҷангу хунрезӣ хотима гузоранд. Худи ин далел шаҳодати он аст, ки дар байни толибон ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттифоқ вуҷуд надорад. Манфиатҳои қавмӣ, қабилавӣ, миллӣ, мазҳабӣ аз манфиатҳои умумӣ болотар буда, дар байни роҳбарони толибон мансабталошӣ, чавкипарастӣ, қавмпарастӣ реша давонда, боиси нокомии онҳо хоҳад шуд. Толибон, ки солҳои 1996-2001 дар сари қудрат буданд, аз ин фоҷеаи худ хулосаи зарурӣ набаровардаанд.

Имруз бисёр сиёсатмадорон, дипломатҳо, шахсони расмии кишварҳои гуногун нисбат ба авзои Афғонистон андешаҳои худро баён месозанд. Дар ин радиф ҷониби Тоҷикистон низ мавқеи худро нисбат ба вазъи Афғонистон чандин маротиба изҳор намуда, ҳамеша ҷонибдори он аст, ки қазияи Афғонистонбо роҳи гуфтушунид, ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қавму қабоил, халқият ва миллатҳои дар Афғонистон сукунатдошта ҳаллу фасл гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми дуюмини худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 3-майи соли 2001 ироа гашта буд, чунин изҳор карда буданд: “Ман борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштам ва ҳоло бори дигар ҳамчун Роҳбари давлате, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, таҷрибаи талх дорад, таъкид менамоям, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, неруҳо ва гурӯҳҳои дар нооромиҳои ин кишвар шарик ва умуман мардуми шарифи Афғонистон-тоҷикон, паштуҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқияту қавмҳои ин сарзамини азияткашидаро ба як далели таърихи худашон ҷалб намоям.

Гузаштагони шумо танҳо дар ду асри охир чандин бор бар зидди қувваҳои истеъморӣ парчами муборизаро барои озодӣ баланд бардошта, барои таъмини истиқлолият ҷоннисорӣ кардаанд.

Мардуми Афғонистон қадри озодиву истиқлолро хуб мешиносад, тамомияти арзиро қиммат медонад. Аз ин рӯ, изҳори итминон кардан мумкин аст, қувваҳои дигар оқибат роҳҳои ҳалли сиёсии масъаларо пайдо хоҳад кард, ба пора шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани ватанашон роҳ нахоҳанд дод.”

Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бист сол пеш садо дода буданд ва имруз низ аҳамият ва моҳияти худро гум накардаанд, балки бештар вазъи имрӯзаи Афғонистонро инъикос намуда, ба роҳбарони имрӯзаи ин кишвари барои мо ҳамсоя, дӯст ва ҳамфарҳанг, тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои манфиатдор ҳушдор мебошад.

Изҳороти узви Ҳукумати толибон Бародар дар бораи гунаҳкор сохтани Тоҷикистон дар хусуси дахолат намудани кишвари мо ба корҳои Афғонистон ҳеҷ гуна поя ва асосе надорад. Суханони ӯ “Ба ҳар амал аксуламал вуҷуд дорад” як навъ худситоӣ, таҳдид, беэътиноӣ нисбат ба мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсоя, ҷонибдори сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада мебошад. Ҷониби Тоҷикистон дар он мавқеъ қарор дорад, ки толибон ба амалҳои таҳдид, таҳқир, куштору ғорат, риоя накардани ҳаққу ҳуқуқи дигар қавму қабоил, халқияту миллатҳои дигари Афғонистон хотима гузошта, аз сиёсати пуштугароӣ,миллатгароӣ, хурофот, ифротгароӣ даст мекашанд ва бо назардошти ҳифзи манфиатҳои тамоми мардуми Афғонистон дар ин кишвари ҷангзадаву азияткашида сулҳу оромиро барқарор ва устувор намуда, барои пешрафту шукуфоии ватани худ саъю кӯшиш менамоянд.

Шавкат Шарифов, Иброҳим Ҷабборов, номзадҳои илми таърих, дотсентони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ