Вазъи ҷаҳони муосир ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Вазъи ҷаҳони муосир, нооромиҳоиминтақаҳои гуногуни дунё, амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои алоҳида ва манфиатҷӯии қувваҳои мухталифи сиёсӣ, давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсимкунии ҷаҳон моро водор месозад, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, беолоиш нигоҳ доштани мафкураи мардум ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандони алоҳидаи кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиюэкстремистӣ, иштироки онҳо дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷа чораҳои таъхирнопазир андешем.

Ҷангу ҷидол дар тӯли таърихи инсоният боиси қурбон шудани одамон, аз байн рафтани тамаддунҳои ҷаҳонӣ, хароб гардидани манзилу макон, иншоотҳои бузург, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва дигар иншооти ба заҳмати инсон бунёдгардида сабаб гаштааст. Тибқи маълумотҳо танҳо дар садаи XXдар ду ҷанги ҷаҳонӣ ва ҷангҳои хурду бузурги дигар зиёда аз 100 миллион нафар одамон ҳалок гардидаанд.

Мутаассифона то ҳол гирдоби ҷанг давлатҳои алоҳидаро фаро гирифта, соли равон тавассути расонаҳои хабарӣ аз буҳрони сиёсию ҳарбӣ байни Озорбойҷону Арманистон, Русияву Украина, Исроилу Фаластин, Сурия, Судон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва амалҳои даҳшатовари террористӣ дар минтақаҳои гуногун воқиф мегардем. Таҳлилҳо ва андешаи коршиносони масоили сиёсӣ нишон медиҳад, ки ангезандаи ин муноқишаҳои хунин дасти сеюм, давлатҳои абарқудрат, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошанд.

Таҷрибаи 100 соли охир нишонмедиҳад, ки хатари манфиатҳои геополитикииабаркудратҳо сол то сол зиёд гардида, ба истиқлолият, амнияту суботи сиёсию иқтисодии давлатҳои алоҳида, ҳатто бо таҳдиди истифодаи яроқи ҳаставӣ ба тамоми инсоният таҳдид мекунад. Пешгирӣ накардани ин ҳолатҳои хатарафзо, дар сурати сар задани ҷанги ҳаставӣ, метавонад инсоният ва тамоми мавҷудоти зиндаро аз байн барад.

Духӯрагии мавқеи баъзе давлатҳо нисбат ба терроризму экстремизм, пинҳониву ошкоро ҷонибдорию маблағгузорӣ кардани онҳо, яке аз сабабҳои асосии нооромиҳо ба ҳисоб меравад. Ҳоло усули нуфуз, таъсир ва таҷовузи абарқудратҳо ба хоки давлатҳои дигар куллан тағйир ёфта, тавассути вайрон кардани мафкураи мардум, аз ҷиҳати моддию техникӣ пурқувват кардани гурӯҳҳо ва созмонҳои экстремистиву террористӣ дар дохили давлатҳои алоҳида, аланга гирондани оташи ҷанг байни мухолифин ва ҳукуматҳои қонунӣ, бо яроқу аслиҳа таъмин намудани онҳо, ба террористу экстремистони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта, паноҳгоҳи сиёсӣ додан ва гӯё барои ором намудани вазъ вориди кишварҳои ҷангзада мешаванд. Абарқудратҳо ҳудуди давлатҳои дигарро ба майдони ҷанг табдил дода, байни ҳамдигар дар хоки бегона меҷанганд ва аз он манфиатҳои зиёди иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳарбию сиёсӣ мегиранд.

Исботи ин гуфтаҳоро мо дар нооромиҳои рӯзҳои охири давлати Сурия дида метавонем. Ин давлати ҷангзада, ки аз дасти ТТЭ “Давлати исломӣ” азияти зиёд кашида буд, байни кудратҳо (Русия, Эрон, Амрико, Туркия), тақсим гардид. Абарқудратҳо бо баҳонаи таъмини оромӣ ва аз террористон озоду ҳимоя кардани ин кишвар, байни худ меҷанганд, пойгоҳҳои ҳарбии худро ҷойгир намуда, ба боигариҳои он соҳиб шудан мехоҳанд. Саволе ба миён меояд, ки чи тавр як ҳизби террористие бо номи “Таҳрир-аш-шом” бо сарварии Абулмуҳаммад-ал-Ҷувонӣ (қаблан яке аз саркардаҳои Ал-Қоида буд) дар муддати кӯтоҳ ҳокимиятро дар Сурия сарнагун сохта метавонад? Албатта дар паси ин гурӯҳи ҷиноятпеша ё созмони террористӣ қудрат ё хоҷагони хориҷие вуҷуд дорад, ки манфиатҳои нопоки худро бар ивази хуни занону кӯдакони бегуноҳ ва харобу хонавайрон кардани шаҳрҳои ин кишвар амалӣ менамояд. Ин ҳолат мисли такрори таърих бо зуддӣ аз хоки Афғонистон баровардани қӯшунҳои Амрико (соҳои 2020-2021), ба дасти ТТЭ Толибон супоридани яроқу аслиҳа ва тақдири халқи азияткашидаи афғонро ба ёд меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари ташаббускор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳ ҷалб намуда, иброз доштанд, ки ба хотири ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, имрӯзи неку фардои ободу зебои насли башар тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббуси хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари маҳбуби мо сархати расонаҳои машҳури дунё гардид. Бояд зикр намуд, ки ин ибтикори саривақтӣ тарҳи нави сулҳофарӣ дар тамоми курраи Замин буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.

Ҳамчун шахси адолатпеша, ваҳдатофар ва дурандеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони тамоми кишварҳоро ба сулҳ даъват намуда, зикр доштанд, ки: “Мо роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ва мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва паёмадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем”.

Дар чунин вазъи ҳассос мо бояд хатари воқеии ифротгароии динӣ, авҷ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористию эксремистӣ, бозиҳои пасипардагии абарқудратҳо, духӯрагӣ нисбат ба терроризму эксртемизмро хуб эҳсос намуда, донем, ки ин амалҳои нопок ба фарҳанг, арзишҳои миллӣ, урфу одат, тарзи зиндагӣ, низоми идоракунӣ ва суботу амниятӣ давлатии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Шаҳрвандони кишвар бояд хуб дарк намоянд, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ новобаста аз он ки бо номи гуногун таъсис дода мешаванд, марому ҳадафҳои ягона доранд, мехоҳанд бо роҳи ғасби ҳокимият истиқлолияти давлатҳо, тарзи давлатдории демократӣ, дунявӣ ва давлатҳои миллиро маҳв намоянд. Мақсади муғризонаи ташкилотҳои террористиву экстремистии динӣ бунёд кардани хилофати асримиёнагӣ, аз байн бурдани давлатҳои муосир, нобуд сохтани арзишҳои миллӣ мебошад. Агар дар тафаккури инсон арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, донишҳои замонавӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баланд гардад, ба ғояву андешаҳои ифротӣ ҷой намемонад. Баракси он арзишҳои динию ифротӣ, хурофотпарастию сангдилӣ, таассубу бегонапарастӣ баланд гардада, хатар барои амнияти давлату миллат меафзояд.

Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд хатару ноамниҳои ҷаҳони муосирро хуб дарк намуда, дар таъмини амнияту суботи кишвар, ҳифзи истиқлолу озодӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ҳамеша омода бошанд. Ба ошкору пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм фаъол бошанд. Мо бояд ҳеҷ вақт аз хотир набарорем, ки тамоми орзуву ормонҳои дар қалбамон ҷой дошта, зиндагии орому ширин, хандаю бозии кӯдакон, хонаву дари обод, мансабу вазифаҳои баланд, тани сиҳату хотири болида танҳо дар ҳолати таъмин амнияту суботи ҷомеа ва давлат амалӣ мегардад.

Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ