Вазъи Афғонистон ҳанӯз мураккаб ва нигароникунанда аст

Дар Афғонистон баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон вазъ мураккаб боқӣ монда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар ин кишвари ноамну ҷангзада ҳанӯз амалҳои террористӣ, таркишу гаравгонгирӣ, фишору таҳдид ба намояндагони қавму қабоил ва халқияту миллатҳои дигар, хушунати мазҳабӣ ва дигар кирдору амалҳои ғайриқонунӣ идома дорад.

Ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистон далели он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамҷавор, ҳамсоя, ҳамзабон, ҳамдину фарҳанг ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани тамоми мушкилоти ба сари мардуми Афғонистон омада аст.

20-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи роҳбарони хадамоти махсуси Руссия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон баргузор гардид. Ширкаткунандагони ҷаласа таъкид намуданд, ки вазъи Афғнистон ҳанӯз мураккаб ва хатарафзо буда, дар ин кишвар амалҳои террористӣ идома дорад, ки боиси кушта шудани шумораи зиёди одамон гардидааст. Аз нооромиҳо дар Афғонистон ва заиф будани Ҳукумати Толибон истифода бурда, гурӯҳҳои террористии ДИИШ, Ал-қоида, Ансоруллоҳ ва ғайра фаъолияти худро густариш дода истодаанд.

Иштирокдорони ҷаласа даъват ба амал оварданд, ки роҳи ягонаи ҳалли қазияи Афғонистон гуфтушуниди ҷонибҳои манфиатдор, таъсиси Ҳукумати фарогири тамоми намояндагони қавму қабоил ва халқияту миллатҳои Афғонистон ва ифодакунандаи воқеии манфиатҳои миллии ин кишвари азияткашида, даст кашидан аз хушунат, террор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ аст.

Ташаббуси Русия дар ин самт ва мулоқоти намояндагони Толибон бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар С.Лавров, ки дар Маскав баргузор гардид, як падидаи умедворкунанда аст. Тамоми ҷомеаи ҷаҳон интизоранд, ки Ҳукумати имрӯзаи Афғонистон воқеан ифодакунандаи манфиатҳои тамоми мардуми ин кишвар гардида, дар мамлакати худ сулҳу оромӣ ва суботу ваҳдатро таъмин менамоянд.

Ҷабборов И., Шарипов Ш. омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ