​ВАТАНДӮСТӢ: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ-ҲАРБӢ

Дар қисми ҳарбии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ-ҳарбӣ санаи 28-уми ноябри соли 2025 миёни донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ ва сарбозони қисми ҳарбии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқа аз рӯи 7 намуди варзиш – турниккашӣ, гӯштини тарзи озод, ҷудо ва ҷамъ намудани қисмҳои нопурраи силоҳ, бандкашӣ, волейбол, дастхобонӣ ва вазнбардорӣ сурат гирифта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ҳамкориҳои низомӣ-варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ дар намудҳои турниккашӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол ва дастхобонӣ ғолиб омаданд. Сарбозони қисми ҳарбӣ дар намудҳои ҷудо ва ҷамъ намудани аслиҳа, бандкашӣ ва вазнбардорӣ натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шуданд.

Мусобиқа дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ