Ватандорӣ маҳалгароиро намепазирад!

Воқеаҳои рӯзҳои охир дар Бадахшон инъикосгари гумроҳшавии баъзе ҷавонон ва фирефташавии ононро ба ғояҳои ифротӣ мебошад. Наход фарди солимақли ватандӯст аз кадом як авбош пуштибонӣ намояду зидди мақомотҳои давлатӣ тазоҳурот барпо намояд. Худаш ба ҷомеаю давлат чӣ хизмат кардааст, ки истеъфои роҳбарияти вилояту сохторҳои қудратии онро талаб дорад!? Ҳайҳот, аз наворҳо дида мешавад, ки аксарияти издиҳом ҷавонони синни даъватии ҳарбӣ, хонандаҳою амсоли онҳо мебошанд.

Ҷавонони ҷамъгаштаи издиҳоми шӯрандохтаи Муҳаммадбоқир бо кадом маблағ зиндагӣ дошта бошанд? Ба муҳоҷират меҳнатӣ нарафтаанду корхонаи барои онҳо мувофиқ набошад, маблағи зиндагӣ чӣ тавр дарёфт кардаанд? Эҳтимол меравад, ки ё бо қочоқи маводи мухаддир машғуланд ё худ барои ифротгароӣ хоҷагони маблағгузори хориҷӣ доранд? Шояд сабаби пуштибонии ҷавонони Бадахшон аз Боқири иғвогари авбош дар миёнаравии ӯ ҳангоми тақсимоти маблағ бошад? Вале, далели аниқ он аст, ки дар ин ҳангомаҳо сире ниҳон асту дере нагузашта рӯшод мегардад.

Тамошои наворҳои тазоҳуротӣ касро ба ҳайрат меоварад, ки ин ҷавонони бетамизи садобаланди аккосӣпадару модар доранд ё не? Агар дошта бошанд, сатҳи тарбияи фарзандро эътибор надодаанд? Наход фарзандонашонро аз беоқибату зараровар будани амалҳои ифротӣ бохабар накардаанд? Баъде, ки ба ҷавобгарӣ кашида шудани фарзандашон ҳушёр мешаванд?

Эй волидайни муҳтарами фарзандони Бадахшон! Бархезед аз ҷойгаҳу фарзандони худро аз муқовимат ба мақомотҳои давлатӣ боздоред! Ба онон ақлу тамиз, риояи меъёрҳои қонунро омӯзонеду аз вайронкориҳо худдорӣ намоянд. Вагарна, оқибати тазоҳурот ва бадкирдорӣ ба ноободиву нооромиҳо меовараду баъдан вазъи зиндагии мардум бад мешавад. Аз кӯчагардиву вайронкорӣ фарзандони худро баргардонеду фаҳмонед, ки умри бадкирдориҳои Боқиру ҳамтӯдаҳояшро бақо нест. Беҳтар аст, ки аз сиёсати давлат ҷонибдорӣ кунанду ободу бунёдкорӣ пеша кунанд. Хизматгори бовафою содиқу волидайну Ватан бошанд аз худ номи нек боқӣ гузоранд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ