Вақте расонаҳои Қирғизистон дурӯғ мегӯянд...
Аз оғози низоъҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон расонаҳои хабарӣ ва иттилоотии Қирғизистон ҳама гуна принсипҳои касбияти журналистӣ, этикаи касбиро риоя накарда, санҷиши маводи нашршавандаро нагузаронида ба эҳсосот ва ба ном манфиатҳои миллати қирғиз мавод нашр мекунанд. Дар ин гуна мавод воқеиятро эҳсосот пахш мекунад.
Расонаи хабарии 24.кg яке аз сомонаҳое аст, ки дар пахши маълумоти нодурусту бардуруғ пешқадам аст. Масалан, доир ба воқеаҳои санаи 16-уми сентябри соли 2022 соати 6:30 оташбас эълон гашта буд, ки ин воқеият аст. Аммо ба ин оташбас қирғизҳо риоя накарданд. Дар 24.кg бошад, маълумоти баръакс дода шудааст, ки ҷангро тоҷикон оғоз кардаанд.
Дар ин бора Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон чунин хабар додааст: “Новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.”
Аммо дар 24.кg тамоман дигар чиз навишта шудааст:
В 6.30 таджикская сторона начала минометный обстрел на участке ответственности пограничной заставы «Кок-Таш» Баткенского пограничного отряда. В 7.15 таджикские военнослужащие начали обстрел пограничной заставы «Самаркандек». Ранены четыре кыргызстанских пограничника.
Ин маълумот дурӯғ буда, ба он бовар набояд кард. 24.кg ҳам ба иғвоандозӣ ва паҳнкунии хабари бардурӯғ машғул аст. Ба маълумоти на танҳо ин шабака, балки ба маълумоти расонаҳои дигари Қирғизистон низ бо шубҳа нигоҳ кардан даркор аст.
Бобоҷон Хайриддин – ҷомеашинос