Вайронкорӣ ҳадафи онҳост!
Дар айни замон ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ дар давраи пошхурии собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади ба даст овардани ҳукумату давлат ва ба давлати исломӣ мубаддал гардонидани Ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон барпо шудааст.
Фаъолияти ин ҳизб дар хориҷа ба нақша гирифта шуда , ин ҳизб маҳз сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадум буд ва он ҷанги хонумонсӯз боиси ғаму андӯҳи бешумори халқи тоҷик гашта буд.
ТЭТ ҲНИ пайваста дар фикри забт намудани ҳокимияту ҳукумат буду аз ҳама имконияту амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ истифода мебурд ва бароиба мақсади нопоки худ расидан ҳамаи арзишу муқаддасоти аҷдодиро зери по мекард. Онҳо ҳазорҳо-ҳазор одамони дорои дилу ақидаи софро фирефтаи ақидаи худ карда буданд. Барои фоидаю манфиати худ ва хоҷагони хориҷиашон ҳатто, қатли аҳли зиё ва одамони барӯманди ҷомеаро пешаи худ намуда буданд, яъне рехтани хуни бегуноҳ барои онҳова баъзе ҳаммаслаконашон кори муқаррари гаштабуд.
Барои сулҳу субот ва оромии халқ ҳукумати ҷумҳурӣва сардори давлат бо роҳбариаввалаи ҲНИ Саид Абдуллои Нурӣ соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд ва барои намояндагони ҲНИ баъзеимкониятҳоро фароҳам оварданд.
Лекин онҳо ба ҳамаи имконияту ғамхории давлату миллат нигоҳ накарда, боз пешаи бадсириштии худро гирифтанд ва бар ивази некиву меҳрубонӣ халқ хостанд, ки бо бадӣ ва аҳдшиканӣ ҷавоб гардонанд.
Баъди ҳодисаҳое, ки моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ пайваст, мо боз як бори дигар вайронкорӣ ва бевафоӣ ҳадафи асосииҲНИ буданашро хуб дарк намудем. ҲНИ ҳамчун гурӯҳи терррористӣ аз тарафи суди Олии Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва фаъолияташ дар ҳудуди кишвари мо манд карда шуд.
Ин ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар аввал бо номи “ Паймони миллӣ” баромад карда, роҳбарии ин гурӯҳи “иҷтимоӣ”-рояке аз нафароне, ки ҳадафу мақсади вайронкориро пешаи худ кардааст Муҳиддин Кабирӣ дар душ дорад ва номи имрӯзаи ин гурӯҳ “ Паймони миллии Тоҷикистон” мебошад. Ӯ ва тарафдоронаш хоҳиши вайрон кардани идеологияи солими бархе аз нафаронро доранд.
Афкору амалӣ ин гурӯҳи террорристӣ на танҳо барои халқу миллати тоҷик, балки барои тамоми халқу миллатҳои ҷаҳон хатарноку зараровар мебошад. Зеро онҳо вақте, киба меҳану зодгоҳи худ хиёнат кардаданд, ҳеҷ гоҳ ба ватану меҳани дигар вафо нахоҳанд кард. Ва аз ин амалӣ онҳо бояд ҳар як давлату миллати ҷаҳон бохабар бошанд.
Ҳар нафаре, ки модару ватани азизи худро гиромӣ медорад, набояд фирефтаи фикру андешаҳои маккоронаи онҳо гардад, зеро ин арзишҳои олӣ ба монанди меҳан, модар, қадр, номус ва зодгоҳ дар тамоми давру замонҳоэъзоз карда мешуданд ва дар имрӯзуоянда низ бояд чунин монад. Ҳеҷ гоҳ хиёнату кӯрнамакии онҳо аз хотири халқ фаромӯш нахоҳад шуд ва албатта, ки халқ онҳоро намебахшад.
Мо бояд беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар саҳмгузор бошем ва ба ҳар гуна андешаи ғаразноки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои муаззам, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем, то дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад!
Ба ҳар нафари бадхоҳу бадният гуфтанием, ки ин давлату миллат соҳиби худро дорад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки мақсаду ҳадафҳои шумо барин нокасон ҷомаи амал пӯшад.
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа