Ваъдаҳои бардуруғ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз соли 1992 рабитаҳои дипломатӣ дорад. Вале робитаи миёни ду миллат ба умқи таърих ва садсолаҳои пеш бар мегардад. Мардумони ду кишварро на танҳо марзи муштарак, балки таърихи ягона, арзишҳои умумии фарҳангӣ, расму ойин, дин ва забони як доранд.
Мутаассифона, зиёда аз ду моҳ инҷониб қисми зиёди қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро гурӯҳи тундрави “Толибон” ишғол намудаанд. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохт. Президенти Тоҷикистон ҳам борҳо ва борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ба зарурати ҳалли масъалаи Афғонистон даъват намудааст. Масалан суханронии Пешвои миллат дар дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз намудаанд, ки «Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад. Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд». Заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба хосу ом маълум аст. Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон баҳри эҳё ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон, ки бо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад, саъю кушиши зиёд ба харҷ додааст. Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд.
Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.