​Ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон


Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ меҳвару моҳияти мафкураи ватанпарварии миллии кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад. Муҳимтарин вазифаи ин мафкура шакл додани ҳувият, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳиссиёт ва ифтихори миллии насли наврас ва ҷавони мамлакат мебошад.

Мафкураи миллӣ-давлатии Тоҷикистон бояд дар байни оммаҳои васеъ ва қабл аз ҳама ҷавонон тавре таблиғ гардад, ки он хислати ҳамагонӣ гирад. Мафкураҳо ҳамон вақт муассир мегарданд, ки агар ҳама қишрҳои миллат ба арзишҳои он боварӣ дошта бошанд ва аз паи он арзишҳо раванд. Танҳо хислати ҳамагонӣ гирифтани арзишҳои ғояи миллии тоҷикӣ фазои мафкуравиро пур хоҳад кард. Дар ин росто, масъалаи аз ҳама муҳимтарин тарбияи ҷавонон дар руҳияи миллии дунявӣ мебошад, ки онро танҳо ба василаи таблиғу тарғиби бонизом амалӣ намудан мумкин аст. Вақте фарди ҷавон худшинос аст, шуури ӯ дар руҳияи миллии дунявӣ ва ватанпарварӣ шакл гирифтааст, ба вай ғояҳои бегонаву бегонапарвар наметавонанд таъсир расонанд.
Чунонки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон истифодаи ҳарчи васеъ аз шабакаҳои телевизионии миллӣ зарур мебошад. Зиёиёни миллат имкон доранд, ки бо ҳамин роҳ моҳияти сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мардум расонанд ва дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум, махсусан наврасону ҷавонон саҳми воқеӣ гузоранд”.
Барои он ки худшиносии миллии тоҷикӣ хислати ҳамагонӣ пайдо кунад, бояд фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа ва синну сол бошад. Вале фарогирии қишри наврасу ҷавон муҳимтар аз дигар қишрҳост, зеро шуури фардии калонсолон шакл гирифтааст, аммо шуури наврасон ва навҷавонон дар ҳоли ташаккул аст, барои ҳамин ҳама гуна ғояву мафкураҳо (махсусан ғояҳои ифротгароии динӣ) кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар шаклгирии он фаъолона ширкат варзанд, то ин ки ҳамақидагони худро бештару бештар намоянд.
Барои он ки наврасону ҷавонон дар ҳақиқат ояндаи миллат шаванд, ин кишвару меҳанро соҳибӣ кунанд, қабл аз ҳам бояд онро дӯст доранд ва аз он ифтихор намоянд. Ба ибораи дигар ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ дошта бошанд.

Бояд дарк намуд, ки дӯстдории ватан ва худшиносии миллӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд, боз дар ҳоле ки мафкураҳои зиддимилливу ифротгароӣ ба муқобили он дар ҳоли мубориза қарор доранд. Зеро мафкураҳои зиддимиллӣ барои он зидди миллату давлат ҳастанд, ки мафҳуми ватану миллат ва худшиносиву худогоҳиро намепазиранд, яъне барои онҳо вуҷуди давлати миллӣ арзише надорад. Ба андешаи мо ин нуктаро бояд ҳамеша дар хотир дошт ва дар мубориза бо мафкураҳои зиддимиллӣ ҷиддан омода буд, зеро барои миллати тоҷик мафҳумҳои миллату ватан арзишҳои муҳимтарин ва сарнавиштсоз ба ҳисоб мераванд.

Яке аз самтҳои муассири таблиғу ташвиқи ҳуввияти миллии ҷавонон воситаҳои ахбори омма мебошанд, махсусан воситаҳои электронии ахбори омма. Ба ин хотир, сарвари давлат дар суханронии худ бо равшанфикрони мамлакат ба таври махсус нақши шабакаҳои телевизиониро қайд намудаанд. Вазифа дар он нуҳуфтааст, ки дар заминаи ин таъкидҳои Президенти кишвар як низоми муайяни таблиғу ташвиқ ба роҳ монда шавад, зеро маҳз ҷой гирифтани арзишҳои андешаи миллии тоҷикӣ садде хоҳад гардид, барои паҳн шудани ғояҳои динии экстремистӣ дар байни ҷавонон ва наврасон. Аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ва инчунин бо истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет таблиғу ташвиқ намудани ҳуввияти миллӣ бояд беш аз пеш ҷоннок намуда шавад, аммо барномаҳо бояд тарзе тарҳрезӣ карда шаванд, ки дидану шунидани он барои наврасону ҷавонон шавқангез бошад, на дилгиркунанда. Лозим ба ёдоварист, ки таблиғу ташвиқи хушку холӣ не, зеро таблиғу ташвиқе, ки шавқангез ба роҳ монда шудааст, таъсирпазир буду, қодир аст диққати насли наврасу ҷавонро ба худ бикашад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки мавқеи ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Педагоги барҷаста Ж.Ж.Руссо таъкид мекунад, ки «Тарбияи одам ҳамзамон бо таваллудаш оғоз меёбад». Ақидаи одоб, тарбия аз хурдӣ тамоми педагогикаи мардум ва саросари адабиёти классикию муосири моро фаро гирифтааст. Саъдии бузургвор таъкид мекунад, ки:

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунанд,

Дар бузургӣ фалаҳ аз ӯ бархост.

Албатта, волоияти илму дониш ва адаб омӯхтан аз ҳувияту арзишҳои маънавии халқи мо бармеояд, ки ба мактабу маориф ва илму дониш робита дорад. Арзиш мафҳуми фалсафӣ, сотсиологӣ, адабӣ ва педагогӣ буда, дар луғатномаҳо ба маъноҳои баҳо, қимат, қиматбаҳо, қадр меояд. Зери мафҳуми арзишҳо рукнҳои махсуси мукарраргардидаи иҷтимоии ҷомеаро дар назар дошт, ки дар шаклҳои мусбату нек зоҳир мегарданд. Ғайр аз ин арзиш ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бо ҳодиса ва воқеаҳои ҷамъиятӣ тобишҳои гуногун дода, онҳоро маъқул медонад, ё рад мекунад ва дар ин маъно яке аз меъёрҳои зиндагии инсон дар ҳаёт ба шумор меравад.

Муҳимтарин меъёри арзишҳои умумибашарӣ ин аст, ки аксарияти халқҳои (миллатҳои) рӯи замин онҳоро ҳамчун меъёри зиндагӣ меписанданд. Арзишҳо аз рӯи аҳамият ва миқёс ба арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тақсим мешаванд.

Арзишҳои миллӣ хоси халқҳо ва миллатҳои алоҳидаанд, ки дар тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин ва муносибатҳои онҳо нисбат ба воқеият ифода меёбанд. Арзишҳои умумибашарӣ мутааллиқ ба тамоми башарият буда, хазинаи бузургеро мемонанд, ки аз сарватҳои маънавии кули миллатҳо гирд оварда шудааст.

Ҳам файласуфон ва ҳам педагогҳо дар байни арзишҳои умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва бузургии онро ҷои аввал мегузоранд, ки ин табиист. Инсон, ки худ меъмор ва офаридагари арзишҳост, ҳатман бояд ин мақомро ишғол намояд. Меҳр ба замин, меҳнату меҳнатдӯстӣ, нисбатан устувории оила, майлу рағбат ба дониш, посдории сулҳу оштӣ, зебоиписандӣ, санъат, меҳмондорию меҳмоннавозӣ – ҳама арзишҳои миллати тоҷиканд.

Яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият - ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кард. Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогирии он бо пешниҳоди Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар замони истиқлолият арзишҳои маънавӣ ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.

Барои пос доштани ин арзишҳо бояд пеш аз ҳама xавононро дар рӯҳияи ватандeстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба нерeи ақлонии худ тарбия намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба донишандeзӣ раҳнамоӣ созем. Дар ин замина, мо бояд шахсияти соҳибилму озодандешеро тарбия намоем, ки ба қобилият ва истеъдоди худ бовар дошта, пайваста дар талоши ҳимояи таърихи гузаштаву муосир, анъанот ва арзишҳои миллӣ бошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки тарбияи инсони бомаънавияту хушахлоқ аз қадимулайём яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа буд ва чунин мемонад. Зеро тарбияи инсони маънан рушдкарда басо кори мушкил ва заҳматталаб буда, меҳнат ва таҷрибаи зиёд талаб мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки зебу зинати одам хирад, адаб ва ҳунар аст. Маърифат ва одобу ахлоқ василаест, ки фард ва ҷомеаро аз кулли ҳаводис ва мушкилоту яъсу ноумедиҳо ва дармондагиҳо наҷот медиҳад. Пас бояд, ки ҷавонони мо ва аҳли ҷомеа дорои маърифат, илму фарҳанг ва ахлоқ бошем, зеро фарҳангу илму ахлоқ беҳтарин аслиҳа, бузургтарин сармояву мағлубнопазиртарин қудратест, ки миллат ва ҷомеаро аз ҳама хавфу хатар нигоҳ медорад.

Осори илмии гузаштагон гаронбаҳотарин мероси фитрии миллат аст, ки маҳз нури пурзиёи он роҳи ҷомеаи башариятро барои дарки ҳастии хеш ва худошиносиву худшиносии миллӣ мунаввар месозад.
Вақти он аст, ки ҷавонони мо аҳли ҷомеаи худ, таърихи худро шиносанд, яъне аз пайи пирони хирад роҳ паймуда, адабу ҳунар омӯзанд.
Таҳдидҳои маънавию ахлоқии гоҳ пинҳону гоҳ ошкоро имрӯз ба дину оин ва мероси гаронбаҳои мо хатари ҷиддӣ мерасонанд. Онҳо гоҳо ба урфу одат ва қадриятҳои миллиамон бо назари паст нигоҳ карда, нишонаҳои ақибмондаи ҷамъиятӣ мешуморанд ва онро бо маданияти оммавии худ омехта карданӣ мешаванд.

Дар натиҷаи бо суръати баланд тараққӣ намудани илму техникаи ҳозиразамон ва ба вуҷуд омадани ҷараёни глобалӣ майдони ахбор васеъ шуда, зеҳни моро забт мекунад. Баъзан дар ин саҳна мо гӯё тамошобин ҳастему кафкӯбӣ мекунем, ки чӣ тавр онҳо фарзандони моро фиреб медиҳанду ба доми макри худ мекашанд.

Ба мавқеи оила, ки асоси пойдории ҷамъият ва давлату миллат асту мо онро муқаддас мешуморем, зарба зада, мавқеи бошарафу ҳурмати падару модарро аз байн мебаранд. Дар натиҷа ба тарбияи фарзандон осеб расида, парокандашавии оилаҳои ҷавон авҷ гирифта истодааст. Либосҳои нимбараҳна ё тангу тор пӯшидани занону духтарон чи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чи дар назди падару модар ва бародарон ҳолати оддӣ шуда мондааст. Гӯё ин як қонуни ҷамъият асту мо аз қонуну қоидаи либоспӯшии миллии худ бехабар ҳастем.

Ҷои эҳтиром ва анъанаҳои муқаддаси оилавӣ ва миллиро айшу ишрат забт мекунанд. Ин бошад, дили халқ ва миллатеро, ки дину эътиқоди мустаҳкам дораду мероси гузаштагони худро азиз медорад, ба ларза меорад.

Ҷамъияти озоду обод ва оилаи мустаҳкаму ояндаи хубу фаровони миллат ва халқу ватанро фақат дар асоси ахлоқи поки оилавӣ, мардони баору номуси ҷомеа ва маърифати баланди мардум сохтан мумкин аст.
Аз ҳамин сабаб, вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ, ҳангоми омӯзиш фанҳои педагогика, психология, асосҳои маънавият, таърихи дин, этика, эстетика ва дигар фанҳои иҷтимоию сиёсӣ бо шаклу мазмуни нав ғанӣ гардонда шаванд. Мазмуни онҳоро бо ҳадисҳои Расули Акрам (с) ва намунаи асарҳои Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Имом Ғаззолӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯнасри Форобӣ, Фаридуддини Аттор, Баҳоуддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишери Навоӣ, Сӯфӣ Аллоҳёр, Суқрот, Конфутсий ва дигар бузургони сухан, ки ба масъалаи тарбияи ахлоқӣ бахшида шудаанд, ғанӣ гардонидан зарурияти давру замон аст.
Роҳи дигари раҳоӣ аз ин таҳдидҳои маънавӣ ба падару модарони ҷавон ва наврасон омӯзонидани мероси бузурги илмӣ ва маънавию ахлоқии гузаштагон, расму оини аҷдод ва қадриятҳои миллӣ мебошад.

Абдуллоева Ф.П., сарнозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Тоҳирова Ф.И., нозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ