Ҳушёру зирак бошем!
Даъватҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон оид ба ҳушёрии сиёсӣ, зиракиву дарки масъулият дар суботу пойдории сиёсӣ аз ҷониби бархе аз афрод мавриди беэътиноӣ мебошаду нишонаи бефарқиву бепарвоии онҳо ба солимии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳаёти воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан воқеаҳои ҳафтаи аввали моҳи январи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рухдода бори дигар исботи амалу ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Бо баҳонаи гароншавии арзиши гази табиӣ ба майдонҳову кӯчаҳо ҷамъшавии аҳолӣ ва баъдан пешниҳоди талабҳои сиёсӣ, оғози бетартибиву нооромиҳо гардид, ки оқибати нохушии он ба ҳалокати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам аҳолии осоиштаи гумроҳгашта анҷом ёфт. Алҳол, зарари моддӣ ба иқтисодиёти мамлакати бародар ҳисобу китоб шуда истодааст ва он беш аз 2-3 миллиард доллари ИМА –ро ташкил медиҳад. Эҳтимол меравад, ки маълумотҳои ниҳоӣ оид шумораиҳалокгаштагон ва зарари иқтисодӣ бештар гардад.
Ҳар фарди солимфикру соҳибақл бояд андеша намояду қазоват фармояд, ки иблисони фитнаангези хориҷӣ ҳамеша дар талоши ғасби ҳокимияти давлатии кишварҳои гуногун мебошанду хоҳиши ҳукмронӣ тавассути шахсиятҳои зархаридро тарк накардаанд. Танҳо фарҳанги баланди сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, меҳанпарастиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ғурури миллӣ ва арзишҳои дигари ҷомеаи муттаҳид метавонад нақшаи дасисабозону иғвоангезонро барбод диҳаду муқовимати воқеиро замина гузорад. Бинобар ин, аз ҳамаи қишрҳои солимбунёди мамлакат, хусусан ҷавонони имрӯза эҳтиромона даъват менамоям, ки ҳидоятҳои абармарди мӯътабари таърихи навин – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ доимо сармашқи фаъолияти худ намоянд. Ба фитнагарону дасисабозони ифротӣ, аз қабили ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом, ДИИШ, Толибон ва ҳоказо муқовимати шадид нишон диҳанд. Чунин амалҳо заминаи суботу пойдории сиёсӣ, ҳаёти орому осуда ва пешрафту иқтисодии кишвар мегарданду дараҷаи некуаҳволии мардум боло меравад.
Бо мардуми бародари Қазоқистон изҳори тасаллият намуда итминони комил дорам, ки бо кумаки дастаҷамъонаи давлатҳои узви СААД (ОДКБ) дар фурсати кӯтоҳтарин оромиву суботи ҷомеа дар Ҷумҳурии Қазоқистон барқарору пойдор мегардад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳама давру замон барои кишварҳои дӯсту бародар омадаи муҳофизату амният аст, ки мояи ифтихор ва шукронаи мардуми кишвар мебошад.
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”