Тундгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ, экстремизм, тероризм ва роҳҳои мубориза бо онҳо
Хатлонияму мулки Бадахшон дорам,
Води пур аз файз Зарафшон дорам.
Хучанду Хисору Гарм пайванди мананд,
Як модари чон Точикистон дорам.
Шукри об,шукри хоку меҳани обод ва албатта,шукри халкумиллати худ кунем.Шукрона мекунем, ки дар оғуши чунинватани ободу озод умр ба сар мебарем.Чавонем вале дар дил ормони беш аз обу баланд аз куххои осмонбус дорем,ки он ҳама бахри ватани азизамон аст.Имрӯз дар ҷомеа саҳми чавонон хеле муҳим мебошад.ки маҳз ҷавонон аст,ки ватанро ба ободӣ ё вайронӣ дучор менамояд.Дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардхо, такмили конуниятхои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову тахдидхо ҷой доранд,ки омилҳо ҷомеаи ҷахониро ба ташвиш оварда истодааст.Сари чунин корхои номатлуб албатта бесаводиву камдонист.
Яке аз таҳдидхои ҷаҳонӣ ба сулху субот ва амнияти давлати тинчу ободамон ин-терроризм ва экстремизм мебошад..Терроризм ва Экстремизм ин чиҳодпарасти дар роҳи дин бохунрези иштирок ва хамрох шудан мебошад.Ба манзараҳое, ки аз чунин наворҳо,хуллосаи кули баровардан мумкин аст. Ҳамон шахсе, ки ӯ инсон асту дину ватани худро мепарстад, баръакс у як хоини ватану оилаи хеш хохад шуд.Терроризми аз он корхои ноаёни чашмнорас огоз меёбад.Чавоне,ки холо ба синни балогат нарисадаасту ба шабакахоиинтернети медарояд ва дар он чо бисёр дустон ва шахсони зиёдро хамрохи мекунад.Хангоме,ки дустонаш зиёд мегардаду сухбаташон ба гуфти дигархо мепазад ба чавон аз яке дустонаш хабари смси меояд ва дар он гуфта шуда буд:Ту ки ватандусту худотарсӣ ,пас биё ватани худро ҳимоя кун ва мардиатро дар майдон бисанҷ.Чавоне,ки аз ин суханон боз хам далертару боки гашта буд ва ба пеши худ максади ба хамон давлати дусташ сафар карданро пеша мекунад.Ва бе дасту пой ба хона бармегардад.Ин аст сазои беягон пурсишу бе ягон розиги сафари фарзанди кутохандеш, ки холо ниёзи хамон падару модари зор гашт,ки оху фигони онхоро кайхое бароварда буд,омад.
Терроризм ва Экстремизм мисли чавшанест бар тани одами хангоме ,ки онро ба бар мекад албатта ба марг мебараду халос дигар рохи гурезе надорад.Гиряву нолахои фарзандон,дар як саф кушта шудани чавонон,занхои ноумед аз ин дунёву,дилхунук аз хаёти худ,магар ин аст чиходу терроризм.Бо ин восита курбонгаштагон кам нестанд.Баъди хондани ин вокеаи реали ки аз хаёти имрузаи мардуми ба доми терроризм гирифторшуда накл мекунад.Хонанда хулосаи худро бояд иброз дораду ба хулосае ояд.
Чавоне бо як модар ва бо як хохараш танхо буд.Модар дар яке аз ошхонаи мактаб кор мекарду рузгорро пур мекард.Хохари чавон харчанд худ буду дар мактаб мехонд,вале акли расои калонсолонро дошт.Падарашон дар хурд солиашон вафот карда будааст.Чавон доим суханони кабех доштаст,ки модар рузе мешуд,ки аз дасти ин фарзанди нобакор ба гиря наояд,ин чавон хатто хохари хурдсолашро мезаду уро таъкид мекард,ки сатр бандад.
Рузхо хамин гунна паси сар мешуданд вале чавон дигаргун намешуд.Дар яке аз рузхо чавон ба хамон дусте ки дар мухочират буд,хамсухбат мешавад ва дусташ уро барои кор ба давлати Сурия дават мекунад ва бар ивази кор маблаги калонро вада мекунад.Чавоби чавон хеле зуд гуфта шуд,зеро у аз хурсанди кариб буд курта дарронад.Ва мегуяд:Кай бояд равам. Ва дусташ мегуяд:Баъди як хафта. Чавон ба модараш мефахмонад,ки барои кор ба Россия меравад. Модар рози намешавад,ки ту сутуни мани,коре ки мехохи дар Точикистон низ карда мешавад.Вале чавон ин сухани модарро савсата дониста уро дуг мезанад ва модар гиряву зора мекунад, ки наравад.Вале фарзанди кургашта намехохад модарро шунавад.
Баъди як руз боз дусти чавон телефон мекунаду мегуяд,ки бояд марде равад наздат то ки чиптаи хавопаймои дихад. Чавон хеле хурсанд мешафад,ки боз чиптаи хавопаймои низ аз худи онхо будаст.Дар хакикат пагохирузи марди сафеди ришу фаши дароз дошта дар тан либоси сафед ба бар ба наздаш омада ба чавон мегуяд ки бояд хозир равем.Чавон саросема гашта,чи гуфтанашро надониста мегуяд,ки манн бояд модарамро хабардор кунам.Он мард:Не вакт хеле кам аст бояд равем.Чавон ба як порча варак хатеро навишта зуд меравад.Модар, ки бегох монда аз кор бармегардаду хати дар руи миз дида,нолаву фигонаш ба фалак мепечад.Рузхо мегузарад,солхо мегузарад вале аз он чавон хабаре намеояд.Рузе яке аз дустони чавон ки дар ру ба руяшон мезист ва хамчун корманди хивзи хукук шуда кор мекард ба хонаи чавон меояд.Аз модари дусташ холпурси мекунад,ки модар гирён хамаи вокеаро мефахмонад.Аз хасрат дигар модар сухан гуфта наметавонад.Баъд он чавон ба модари дусташ тасалли дода мегуяд,ки манн албатта сурогаи уро дарёфт мекунам,гуён аз дар берун рафт.Баъди як хафта он чавон боз ба хонаи дусташ дар даст як хат ва селофанеро дар даст ба хавли медарояд ва модар аз дидани у хеле шод гашта бо саросема аз фарзанди зор пурсон мешавад.Он чавон хату селофанро ба дасти модар дода аз дар берун мешавад.Ба рафтани чавон,модар ахамият надода хатро мекушояд ва ба хондан шуруъ мекунад .Ва дар хат чунин навишта шуда буд:Модарчони азизам агар ин хат ба дастатон расад армоне надорам,маро бубахшед модарчон бе розигии шумо кадам ба берун гузоштам,бесабабашки чашмонатонро чори кунонидам. Маро бубахшед модарчонам бе дуои шумо ман хеч буданамро
дар мулки гариби донистам,маро оварданд лекин барои кор неву барои корхои фасоду аблахи,ки рузе 5-6 нафарро шахид мекунам.Мани ноинсофи нодонро бубахшед,медонам аз ин чо ман рахо ёфта наметавонам,вале сад афсус, ки дигар симои нурониятонро дида наметавонам.Модарчони азизам ман шахид мешавам, албатта хамонро гуфта шахид мегардам ки:Террористи ин худ шахиди хеч гох намехохам,ки фарзанде мисли ман ба дунё наояд.То ки ватан пароканда хохад шуд.Бо як самимият фарзанди нобакори шумо…
Ахволи модар чи шуд,чи монд онро хеч кас намедонад. Ин бошад магар террористи ки чавобаш шахидист.
Мо чавонон ояндаи ин халку ватан хастем. Бояд ба кадри хар як катраи об,хок ва нону намакаш бирасем.Шукронаи модари азиз,пешвои олимаком кунем.Ва шукронаи ин шароити бахри мо офарида кунем.Эй чавонони азиз аз ин манзарахо ки сабзу хурраманд,бахра барем,на ин ки хазон гардонем.Терроризм-маргу нести ва вайронгарист.Пас биёед, чавонони азиз даст ба дасти хам нихода ба суйи рохи рости хаёт кадам занем ва дар огуши ин диёри обод хамеша ростиву сулхро пойдор карда,парчами давлати сохибистиклолро парафшон кунем.Шиор як аст:
Мо бо сулху субот зиндаем на ин ки бо терроризм ва экстемизм ва нест бод терроризму экстремизм…
Шаҳобиён Ш.