Торикрой
Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ васфу тараннуми истиқлолият, шукронаи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ, худҷўӣ, хештаншиносӣ, ифтихор аз гузаштаву фардои босаодат дар ҳар навиштаву гузоришҳои сокинони кишвар зуҳур мекунад. Мутаассифона, афроди бадкинаву бадтинат мехоҳанд оромиву осудагии кишварро халалдор намоянд. Осори бузургтарин намояндагони илму адаби форсӣ – тоҷикӣ хонандаро ба иҷрои вазифаҳои муҳими ватандорӣ, рӯй овардан ба илму маърифат ҳидоят менамоянд. Таассуби динӣ, муллоҳои бесавод, рўҳониёни фиребгар, ашхосе, ки бо ақидаҳои носолим ва беасос зиндагии мардумро ноором менамоянд, ҳамеша мазаммат шудааст. Бадкорагон некиро чашми дидан надоранд, чунки некўкорӣ дархуритабиати онҳо нест:
Дар он ҷое, ки некӣ сар фарозад,
Бадиро дар баѓал сад нештар ҳаст.
Онҳое, ки дар фикри манфиати хеш аз ҳеҷ чиз рў намегардонанд, фанд додани мардум барояшон кори дуруст ва саҳл менамояд:
Гўё ки ба худ пўст иваз карданашон саҳл,
Ҳам тир барин росту ҳам каҷ чу камонанд.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва ҳаммаслаконаш низ бо ниятҳои баду хоинона хостанд оромии кишварро халалдор кунанд ва ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартибот фишори сахти ҷисмонӣ расониданд. Бо гузашти чанд моҳ душманону хоинони миллат дастгир гашта, албатта мувофиқи амалҳояшон ҷазо дида истодаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ барои ошкор кардани амалҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои зиддиҳукуматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Мо ҷавононро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ҳушёр, аз фаъолияти нопоки афроди бадтинат огоҳ бошем ва шукронаи соҳиистиқлолии кишвари азизро кунем. Барои пешрафту шукуфоии он саҳми муносиб гузорем. Танҳо ақли солиму ҳамдилӣ халқи тоҷикро ба сўйи созандагиву бунёдгузорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат мерасонад. Чунонки шоири ширинбаён Камол Насрулло фармудааст:
Нусрати дасти фишурда зинда бод!
Фат[и мардони багурда зинда бод!…
Мурда бодо кинадору кинхо[,
Кинаро аз дил сутурда зинда бод!
Садорати факултети филологияи тоҷик