Тори анкабут?!
Пайдо намудани мақому манзалати воқеӣ дар байни ҷомеа ба мансабу дороият ҳеҷ робитае надораду заминаи онро покдилию адолатпеша будани фарди алоҳида ташкил медиҳад. Вале,тоифае аз муғризони нопоки олудаи ақидаҳои маҳалгароию миллатгароӣ тавассути иғвоангезиву дасисабозӣ, бӯҳтону сафсаттабофӣ, ҳарзагӯиву ҳангоматалабӣ мехоҳанд мақому манзалате дар байни мардум дарёбанд, ки мутлақо ҳавасу орзуҳои пуч аст. Рафтору кирдор, гуфтору амалҳои баъзе мансабдорони Ҷумҳурии Қирғизистон амали анкабутеро мемонад, ки торҳои маҳини ноустувор танида , аз он бехабаранд, ки рӯзе мерасад ва дар ин торҳои печида роҳи халосӣ нахоҳанд дарёфт. Зеро, тӯъмаи тори анкабут фақат худи ин ҳашарот буда метавонаду халос!
Харидории аслиҳаҳои навбаромад, хитобҳои ноҷоя ба мардум, киноя ба мавҷудияти “ акаҳои русу турк”, муноқишаҳои беасос ва амалҳои дигари ҷониби қирғизтаборонро роҳбарияти олии кишварамон нодида гирифта наметавонанд. Вале, бо хираду азалии тамаддунофариву фарҳангсолорӣ сабуриву таҳаммулпазириро ихтиёр кардаанд. Хуб медонанд, ки рақибашон ба созиш меояд ва рӯзе мерасад, ки ин қазияҳои байнисарҳадӣ муваффақона ҳаллу фасли худро хоҳанд ёфт.
Шаҳодати беандешаю кӯтоҳақлии ҷониби қирғизро дар мушкилоти сунъии “камобӣ” метавон мушоҳида кард. Бо баҳонаи обу ҳавои номусоиди сол аҳду паймони худ шикаста, қирғизон оби додаи Офаридгорро на баТоҷикистон тибқи меъёри созишномаҳо мавҷуда, балки ба сӯи дигари бесамар равона менамоянд. Мардуми воқиф изҳор медоранд, ки қисме аз оби сойҳои ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки мебоист ба Тоҷикистон ҷорӣ мегашт, ҷониби қирғиз ба селроҳаю сойҳои дигар равона кардааст. Ин амал, гувоҳӣ медиҳад, ки ғарази онҳо аз расонидани осеб ба ҳамсоя мебошад. Вагарна, ҳамасола ҳаҷми мавҷудаи об адолатона байни ҳамсояҳо тақсим мегашт ва ягон мушкилоте ба амал намеомад. Имсол бошад, вазъи таъминоти аҳолӣ ва соҳаи кишоварзии кишвар бо об хеле ташвишовар мебошад ва мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор гирифтааст. Зеро, мавсими нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ фаро расидаасту ҳатто соату шабонарӯз тақдири ҳосилро муайян менамояд. Шояд, ҳамсояи муғриз мехоҳад зарбае ба амнияти озуқавории мамлакатамон занад? Агар чунин бошад, месазад роҳҳои таъсиррасон ба ҷониби қирғизро ҷустуҷӯ кард ва бетаъхир истифода кард. Зеро, ҷониби қирғизро адлу инсоф боқӣ намондаасту имон ба иблис ба гарав гузоштаанд!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”