Тоҷику тоҷикистонӣ хеҷ гоҳ бадхоҳӣ намекунад

Чун мақолаикоршинос оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро мутолиа намудам, тасмим гирифтам оиди ин мақола фикру андешаҳои худро иброз намоям. Зеро муноқишаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон ягон фарди тоҷику тоҷикистониро бетараф монда наметавонад.

Чун огаҳӣ пайдо намудем замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри замиҳои Қирғизистон қарор доранд. Бо вуҷуди ин Тоҷикистон дар баҳсҳои марзӣ ягон даъво надорад то мардум орому осуда бошанд.

Лек, сад афсус имруз мо шоҳиди онем, ки ҳатто ин бахсҳои марзии ин ду кишвар то ба ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавӣ расидааст, ки бо ба миён овардани чунинвазъ намегузорад ягон крошиносони чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷаро бетараф гузорад. Дар муноқишаи сарҳадии охироне, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон сар зад ҳатто вокуниҳшоеро ба миён овард, ки мо тоҷикистониёнро мардуми қирғиз ҳамчун ваҳшӣ нишон додан хостанд. Лек аз дасти онҳо чизе наомад.

Он санадҳои таърихие, ки дар ин мақолаи А.Раҳнамо оварда шудаанд бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон сад дар сад ҳақ аст.Инчунин далели онро менамояд, ки бештар моҳияти ин масъала ҷониби Тоҷикистон аст. Моҳияти соддаи низои сарҳадии ин ду кишвари ба ҳам ҳамсоя аз он иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии тадбиқгардида сарҳади байни ин ду давлат имруз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доранд мебошад. Лекин онҳо боз ҳам мехоҳанд оромӣ ва дустиро бо кишвари Тоҷикистон канда намуда, боз бар замми ин бо ҳамин баҳона ба заминҳое, ки аслан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқ доранд аз худ намоянд ва сипас оромона ба корҳои худ машғул шаванд.

Мардуми сулҳпарвару сулҳдусти тоҷик имруз намегузорад, ки як порча замини аҷдодиашро ба ҳамсояе, ки пешравии кишварро дида наметавонад бо ду дасти адаб хоки ватанашро диҳад.

Тоҷику тоҷикистониён аз қадимулайём халқи меҳнатдусту сулҳпарвар буд ва чунин хоҳад монд. Ҳеҷ гоҳ ба ҳамсояи чӣ дуру чӣ наздик бо чашми бад назар нахоҳад кард. Қирғизҳо бояд инро хуб дарк намоянд ва ба чунин баҳсҳои марзӣ даст назананд ва хуни ноҳақи фарзанди тоҷикро нарезанд. Боқӣ худ қазоват намоед.

Нурматов Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ