​Тоҷикистон –зинда бош

Мафҳуми “Ватан-Модар” ва бузургдошти он аз қадимулайём дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, шаҳру вилоят ва мамлакатро ифода мекунад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад.Ватан – Модар дар дилиҳар кадомин шаҳрванди Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад.

Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи ҳар як шаҳрванди баору номуси тоҷик басо назаррас аст, зеро ҳар як шаҳрванд кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи қаҳрамонони Ватан пеши назар меояд.Дар муҳорибаҳо ба душман рў ба рў истода, муқовимат нишон додани онҳо, охирин қатраи хунашонро барои озодии Ватан нисор карданашон ва ѓайра. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Имрўз дар шароити мураккабу пуртаҳлукаи байналхалқӣ ва минтақавӣ бори дигар огоҳ мегардем, халқи азизамон барои ҳар як порчаи хоки Ватан тайёр аст ҷони худро нисор намояд.

Вам мо устодону омўзгорон имрўзҳо дар ин моҷароҳои байни давлатӣ бетараф шуда наметавонем. Ва кўшиш ба харҷ медиҳем, ки байни ду давлат сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо бошад. Ва орому осуда халқи азизамон умр басар барад. Аммо бояд зикр кард, ки барои як порча хоки Ватанамон тайерем, ки чони хешро нисор намоем.

Исфандиёр Ноил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ