Тоҷикистон ва масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ бар сулҳу оромӣ ва амнияти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Бино ба маълумоти аксар мутахассисон ва коршиносони сиёсӣ ташкилотҳои террористӣ аз ҳисоби маблағҳои пулии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон фаъолият мебаранд. Агар ба воқеъаҳои террористиву экстремистии тайи солҳои охир дар минтақаҳои гуногуниолам рухдода назар афканем, маълум мегардад, ки ягон амали террористӣ ва экстремистӣ бе истифодаи пул ва яроқҳои оташфишон ва таркандаи гаронарзиш ба вуҷуд намеояд. Барои содир кардани амалҳои террористӣ маблағҳои калон лозим меояд, ки он бе кӯмак ва дастгирии созмонҳо ва давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ғайриимкон аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки пуштибони асосииташкилотҳои террористиву экстремистӣ кишварҳои абарқудрате ба ҳисоб мераванд, ки аз натиҷаи чунин амалҳои нангин манфиатдоранд.
Мутаассифона гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ҷонибдорону пайравони онҳо аз номи дини мубини Ислом сӯйистифода намуда, бо мақсади “ҷиҳод” ба амнияти кишварҳои алоҳида ва минтақаҳо халал ворид месозанд. Маълум аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон алоқамандие надорад. Баръакс ҷонибдорони ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ душманони ашаддии олами исломӣ ба ҳисоб рафта, мақсадҳои нопок ва ғаразноке доранд, ки ба ягон қонун ва қоидаҳои шариати исломӣ рост намеояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давоми солҳои 90-уми асри гузашта хатари ин амалҳои номатлубро аз сар гузаронидааст, бевосита зидди ин амалҳои нангин муборизаи беамон мебарад.
Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст [3, 6]. Терроризм амалест, ки таърихи бисёр қадима дошта, ҳоло илм таърихи пайдоиши онро ба таври аниқ муайян накардааст.
Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст [3, 7]. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷвақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, афкор ва андешаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мешавад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд [6].
Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ин пеш аз ҳама ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) мебошад, ки дар раванди он мафкураи одамон дигаргун гашта, онҳо ба чунин амалҳо даст мезананд. Дигар ин, ки ин падидаҳо бисёр вақт дар дохили давлатҳои мусулмонӣ сар мезананд, ки чунин амалҳои номатлуб ба обрӯю эътиборидини мубини ислом доғ меоварад.Албатта ҳамагон хуб медонанд, ки ҳадафи аслии ин дини бонуфузи ҷаҳонӣ бештар ба дӯстию бародарӣва муттаҳидии ҳамаи халқҳо мебошад, вале гурӯҳи одамоне, ки ба мафкураи онҳо исломҳамчун дини ифротгароиву тундравӣ ҷойгир шудааст, бештар ба чунин амалҳо даст мезананд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ доир ба масъалаи терроризм ва ифротгароӣ чунин нуктаро баён месозад «Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд” [4].
Ташкили созмонҳои террористӣ ин худ дар дохили давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда сурат гирифта, маблағгузори асосии ин гуна ташкилотҳо бевосита созмонҳои махсуси минтақавӣ ва давлатҳои абарқудрат мебошанд.Давлатҳои пешрафта барои ба даст овардани боигарӣ ва манфиатҳои геополитикии худ ин созмонҳоро ташкил додаанд ва имрӯз ин созмонҳо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон хатар эҷод менамоянд ва ин боиси нигаронии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидааст. Воқеан суханҳои Президенти мамлакат ҳақ аст, ки террористон аз ҳар миллату халқият буда, онҳо аз доираҳои сарватманд маош мегиранд ва ба ҳама кор тайёранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро барои амнияти бехатарии миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ яке аз омилҳои хатарнок медонад. Терроризми байналмилалӣ ҳоло ба ҳамаи ҷаҳони мутамаддин ба тамоми аҳли башар таҳдид мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рўз мебошад, чунин нуктаро иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» [5].
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатарҳои нави хусусияти террористиву экстремистидошта таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар ҳолати рушд қарордошта, ҳамавақт ҷонибдори сулҳ ва оромии минтақа ва ҷаҳон буда, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ дар сафи пеш қарор дошта, дар ин самт кишвари ташаббускор мебошад.
Дар замони муосираксар мамлакатҳои мусулмонии шарқ аз қабили Ироқ, Сурия, Яман, Либия, Афғонистон ва янчанд дигар кишварҳо гирифтори амалҳои террористӣ гардидаанд, ки хавфи паҳншавии он ба дигар мамлакатҳо вуҷуд дорад.
Тазаккур бояд дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии худ муқобили амалҳои террористӣ қарор дошт ва Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алайҳи мубориза бар зидди амалҳои террористию экстремистӣ садо баланд мекард. Инчунин бояд тазаккур дод, ки новобаста аз вазъияти дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандие, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта фазои ороми мамлакати моро халалдор сохта буд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаи низои Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли низои Афғонистон даъват менамуд. Ҳамчунин таъкид бояд сохт, ки Тоҷикистон дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили террористӣ ва экстемистӣва ҳамчунин доир ба ҳалли низои Афғонистон ба аксар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Сарвари кишвар чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад [2].
Дар бартараф сохтани амалҳои террористӣ як давлат дар алоҳидагӣ наметавонад мубориза барад. Дар роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки ба таври оммавӣ ва якҷоя мубориза баранд.
Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китобҳои муқаддаси ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст [1].
Ҳамин тавр терроризм ва экстремизм барои амнияти аксар кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта, пешгирии он амали дастаҷамъонаро талаб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм мақоми арзанда дошта, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо ин амалҳои нангин шоёни таҳсин аст. Дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва кишварҳои алоҳида ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Маҳкамов Саидқул, муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Пайнавишт:
- Икромӣ Ҷ. Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир. [маводи электронӣ]. https://www.tajmedun.tj/tj/nazare-ba/muboriza-bar-ziddi-terrorizm-va-korrupsiya/terrorizm-ekstremizm-va-khatari-on-ba jahoni-muosir/ (Санаи муроҷиат: 4.02.20).
- Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм. [маводи электронӣ]. https://iet.tj/tj/mavqei-tojikiston-dar-peshgirii-pahnshavii-terrorizm-va-ekstremizm/ (Санаи муроҷиат: 4.02.20).
- Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир. – Душанбе, 2006. – 26 с.
- Терроризм ва экстремизм-ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ. [маводи электронӣ]. http://ttu.tj/2018/02/23/%D1%82%D0%. (Санаи муроҷиат: 4.02.20).
- Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир. [маводи электронӣ]. https://www.tajmedun.tj/tj/nazare-ba/muboriza-bar-ziddi-terrorizm-va-korrupsiya/terrorizm-ekstremizm-va-khatari-on-bajahoni-muosir/ (Санаи муроҷиат: 4.02.20).
- Шарифов Ш. Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа // Ҳақиқати Суғд. – 2013. – 14 май.