То кай мекунад давом ин корҳои бесомон....
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ якчанд протокол ба имзо расидааст, вале аз ҷониби баъзе сокинони қирғиз мунтазам ин созишномаҳо қасдан вайрон карда дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод мекунанд ва вазъияти нооромро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳоиаҳолинишини сарҳадии ҷониби қарғиз низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар дафъа бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон нақши манфӣ доранд.
Санаи 14-июни соли 2022 дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех», воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ ба вуқуъ пайваст. Бахусус, соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ, дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда, соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид.
Натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол дода шуд. Айни замон вазъи саломатии ӯ бисёр вазнин мебошад.
Бояд иброз дошт, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад.
Мо мардуми тоҷик амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб дорем, ки нисбати ин гуна афрод чораҷӯи намоянд.
Биоишаи Назар