Тири нопок нишон намеёбад!
Халқи тоҷик аз қадимулайём миллати ваҳдатсарову тамаддунофар шинохта шудаву бо мутаҳҳидиву ҳамдилӣ сарҳади худро сипар буду ҳимоя менамуд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ макону кишвари худро аз даст надодааст ва таслим нагардидааст! Аз аҳди бостон то кунун ин миллати ваҳдатофарин қаҳрамонҳое зодаву тарбия намудааст, ки бар ҳимояи марзу бум ва афкори халқи хеш буданду ҳастанд, ба монандӣ: Рӯдакиву Сино, ГурдофаридуМуқаннаъ, Ҳофизу Ҷомӣ, Спитамену Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва садҳои дигар, ки танҳо ба хотири ободии Ватану миллат суруданду сипар гардиданд. Нагузоштанд, ки бар хоки ватан нохалафе по гузораду нафаре бо афкори нопок забони тоҷикиро олуда бисозад....
Вале ин миллат фарҷоми қарни гузашта шоҳиди хоинии ҳаммиллатони худ буд, ки давлатро ба пастӣ буду аз тараққиёт бозмононд..., то ба ҳол он нафароне, ки дар ин воқеаҳои мудҳиши солҳои навадум сари кор буданд, ором нагирифтаанд, то кунун лагандбардори хоҷагони худ ҳастанду ба тараққиёту пешравии давлату миллат сангпартоӣ доранд. Дар ин росто, ном гирифтани аъзоёну саркардагони ҳизби наҳзат басандагӣ мекунад, ки бо амалу рафтор ва кирдорҳои нопоки худ, мардуми ноогоҳро ба гумроҳиву беадолатт даъват доранду бонги ободиву озодӣ мезананд! Хонандаи гиромӣ агар назаре ба барномаҳои шабакавии телевизиони “Ислоҳ” назаре бикунад, худ шоҳиди амалҳои нопоки наҳзатиёни наҳс мегардад. Ба мисоле ҳамагон огоҳ ҳастем, ки телевизиони “Ислоҳ” ё “Паём” шабакаҳое, ки ҳастанд, ки танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғи созмони “Паймони миллӣ” амал мекунаду ин ҳама ғояи саркардаи наҳзатиён – М.Кабирӣ асту халос! Танҳо ба хотири ҳисобот додани онҳо ба хоҷагонашон аст. Дигар касеву чизе маҳаки ҳадафи онҳо нест!
Хуб бидонед, ки бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нарасидааст ва тири нопоки шумо ҳам нишони худро намеёбад!
Ин Ватан кайҳост роҳи худро дарёфтаасту дар қатори дигар кишварҳо сарбаландона қадам мениҳад!
Шарифзода М.