Хиёнат нобахшиданист ва ҳаргиз намебахшанд
Дар даърихи инсоният ягон хоини миллат то кунун ба мақсад нарасидааст ва нохоҳад расид. Валу афсӯс, ки ин хоинон ҳамчун Муҳиддин Кабирӣ фарсангҳо дур ватан аҷдоди худ дур истода ҳар гуна фикрҳои тафриқаангезро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамояд, аммо бехабар аз онанд, ки симои аслии онҳо дарвақт барои миллати тоҷик, халқи тоҷик ва Тоҷикистониё маълум гаштааст. Ин чеҳраҳое ҳастанд, ки ҳаргиз фаромӯш намешаванд ва то абад хамчун як хиёнаткор, як террорист, як ватан фурӯш дар мадди назари халқу миллат мемонанд.
Инҳо пуши парда қарор доранду худро ватндӯст муаррифӣ менамояд, вале дар тӯли фаъолияти худ, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд ягон маратиба барои ободии Ватан кореро анҷом надодаанд. Тонҳо кори кардаи онҳо аз иғвагирӣ, тафриқаандозӣ ва короҳои нопокӣ худро роҳандозӣ кардан иборат буду халос. Ба замми ин анҳо бехабар аз онанд, ки хиёнатро дар таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ ягон инсон набахшидааст ва ҳоло низ намебахшад. Аз азал, ки мақсади нопок доштанд имрӯз ин мақсад онҳоро ба гирдоби оварагиву беватанӣ кашид.
Кабирӣ ва Иззат Амон имрӯз касби хуберо ба фикри худ ва қавли худ иҷрокарда истодаанд. Чӣ гуна? Аз хоҷагони худ маблағ мегиранду сомонаҳи ифротиро ташкил намуда, мардумфиребӣ ва мардмозориро тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ пахш менамояд. Дар ин шабакаҳо ифротии худ фикру ақидаҳои хоҷагони хориҷии худро баён намуда худро ватандӯст меҳисобанд. Оё боре ба худ савол додаед, ки мо дар ин қадар сол барои ватан чи хизмате кардаем ва кӯчактирин онро пешниҳод намоед, мутаасифона як хозмат кардед, ки он ҳам хиёна асту бас.
Аз ҷумла кореро, ки барои миллат дар тӯли фаъолияти худ анҷом додед ин миллатро ба ҷангу хусумату бадбинӣ, фитнаангезӣ, амалҳои террористӣ, фикрҳои экстремистӣ, исломи нобро ба таасубгароӣ, хиёнаб ба модару фарзанд, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои ғайриқонуниву диниву инсониро ба роҳ андохтед. Боз шарм надошта, худро ватандӯсту диндору инсон медонед. Ҳамаи ни хиёнату хусумати Муҳиддин Кабирӣ, Иззат Амон ва пайровону ҳамаслаконатонро боре ба хотири суҳу субот, дӯстӣ, ваҳдат ва ягонагӣ соли 1997 авф намудем, вале намакро хӯрда намакдоро пеши по задед, ношукрӣ кардед ватану миллатро ба парокандагиву хунрезӣ мубаддал намудед.
Акнун дигар бас аст, қобили бахшишу авф нестет ва ҳаргиз орзуи инро ҳам накунед, ки чунин шуданаш номумкин аст. Миллат, халқ , модар, ватан ва падару варзанд шуморо ҳеҷ гоҳ намебахшадва хиёнати ба ҳаққи инҳо кадаатонро низ фаромуш ҳам нахоҳад кард. Ҳатто номи ватанро низ дигар ба забон наоред, ки ватан чунин фарзанд надорад. Фарзанди ватан ҳамонст, ки барои ватан хизмат мекунад, ватнро обод ва муқаддасоти онро ҳамеша арҷу эҳтиром менамояд, на ин ки хиёнат. Чунки дар симои хоинонаатон дигар шараф, номус, нанг ва ҳувияту ватандустӣ тамоман вуҷуд надорад.
Мутаасифона бархе аз кундфаҳмони ҷомеа ба фиребу найрангу дассаҳои онҳо дода шуда, роҳи худро гум карданду зиндагиашонро барбод. Акнун, ки пушаймонанд вале чӣ суд аз ин пушаймонӣ ки ба ватан ва муқаддасоти он хиёнат карда шуд, ки кобили бахшиш нест. Бо чунин рафтор овораи ватун гаша ба бечоригиву раҳгумзадагӣ мубтало гаштанд.
Ин суханони пучу беасосе, ки шумо мегӯеду нашру пахш менамоед тариқи воситаҳои ахбори омавӣ, танҳо иснод ва нотавонии худро барои ҷомеа нишон медиҳед. Ҳамчунин исбот менамоед, ки мо як гуреҳе ба шумор меравем, ки ба чуз хиёнат дигар кореро ба итмом расонидан наметавонем ва чеҳраи аҳриманӣ дорем. Дигар худро шарманда накунед, ки халқу миллат ҷеҳраи аҳримании шумо ва пайравонатонро хуб медонанду мешиносанд. Агар ки ватандӯст мебудед барои пешрафти ватан ҳадиақал ягон кӯчактари корро мекардад, вале на ҷуз хиёнат. Аммо рафтори имрӯзаи ин хиёнаткоро теша здан ба решаи худ мебшад.
Бо баробари ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ ин хиёнаркорон ҷанги шаҳрвандиро ба миён гузошата умеду осоиши мардум ва ҷомеаро, ки нав ба роҳ монда буданд аз байн бурда, кишварро ба доми оташ ниҳоданд, ваҳдат ва дустиро аз байн рабуда, тухми кинаву адоватро дар қаламрави кишвар коштанд.
Акнкн ки мо дар тӯли 30 сол давлату миллати худро бо роҳбарии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд намудем инҳо намехоҳад, ки орому осуда ва сулҳу субот дошта бошем. На, ҳаргиз, ин фикри пучро аз сар дур намаед, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин суҳу салоҳ, ободиву осоиштагӣ, дӯстиву рвфоқат, ваҳдат ва ягдилӣ аз байн равад. То ҳастем барои ватан, миллат, халқ ва ҷомеаи солиму сазанда ва бунёдкори Тоҷикистон мубориза хоҳем бурд.
Ҷомеаи имрӯзаи мо шикатнопазир аст ва шаҳрвандони он ҳаргиз ба фикру ақидаи ин хоёнаткорон фирефта намешавад.Ҳамешаин сулҳу суботро пос дошта, ватани худро чун гаҳараки чашм нигоҳ медорад. Марзу буми он, аз ҷумла фазои идеологии онро низ намегузоранд, ки коста гардад. Доимо омодаем бо тамоми нерӯву тавоноӣ ва бо ҳарроҳу воситае, ки набошад баори ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву созандагӣ ва ҳимояти Тоҷикистони азизамон бар зидди ин бегонапарасони хиёнатпеша муборизи мебарам, боз ҳам ватанро ободу зебо мегардонем. Ин ваҳдати мо абадӣ мемонад ва ягон душман осебе расонидан ҳам наметавонад. Мо шикастнопазирем.
Абюов Ҳ.М. - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа