Терроризму ифротгароӣ ва оқибатҳои нохуши он

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар Паёмашонба Маҷлиси Олӣ дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурияти ислоҳоти иқтисодӣ, рушди низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти олами муосир сухан ронда маротибаҳо аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд. Зеро дар олами муосир терроризм ба яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣва таҳдидкунанда ба бехатариву оромии байналхалқӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро чунин арзёбӣ мекунад: “ Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Терроризм ва ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Дар шароити тағйирпазирии арзишҳо, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, сӯиистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби нерӯҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад ва рӯ овардани бозингарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Бояд таъкид кард, ки аз назари ахлоқи башарӣ ва қонуни умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ донистан мумкин нест. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Онҳое, ки ба ин амали нопок даст мезананд бояд донанд ва аз хотир набароранд, ки ҳеҷ неъмат, ҳеҷ арзиш ва ҳеҷ манфиат болотар аз қадр ва манзалати инсон буда наметавонад. Ҳамаи неъматҳои оламро дастрас кардан мумкин аст, ҳамаи вайронаҳоро обод карда мешавад, вале умри бармаҳалкандашудаи инсонро баргардонида намешавад.
Имрӯз терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муассири тарсонидани инсон, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ мубаддал гаштааст. Терроризм аз ҷиҳати иҷро ба ду намуд ҷудо карда мешавад: фардӣ ва гурӯҳӣ. Дар таҳқиқоти олимони тоҷик ва “ҷаҳон”тавре қайд кардем ҳамчун тарсонидани рақиб тавассути ҷазодиҳии ҷисмонӣ, то ба марг расонидан фаҳмонида мешавад ва терроризм бошад амали террор дониста мешавад. Фаъолияти террористон доимо бо куштор алоќаманд нест, аммо амалкарди онњо аз худ доимо таљовуз ва хатарро инъикос менамояд. Аз нигоњи маќсад низ террор фарќ менамояд, аз љумла дар ин самт чанд намуд маълуманд:
|
Мутахассиси машҳури амрикоӣ оид ба ҳуқуқи байналмиллалӣ Ричард Фалк терроризмро ба ду шакл баҳогузорӣ намудааст: «њамаи намудњои зўроварии сиёсї, ки аз нигоњи ахлоќї ва сиёсї сафедкунї надорад, новобаста аз он кӣ аз он истифода менамояд, гурўњи инќилобї ё њукумат терроризм мебошад». Муайянкунии дуввуми ин мутахассис ин тавр аст: «ифротгароии сиёсї, ки бе ягон дидабароии пешакї ё таљовуз бар зидди одамони бегуноњ даст мезанад, террор мебошад»[1].Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид(СММ) ду намуди терроризм маънидод мешавад:
-якум,терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ ном дорад, ки мақсад аз он дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, фалаҷ гардонидани фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ мебошад.
-дуюм, терроризми ҷиноятист, ки бо истифода аз он гурӯҳҳои ҷинояткорони муташаккил барои содир кардани ҷиноят шароит фароҳам меоранд. Масалан, тавассути ҷиноятҳои трансмиллалии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд ва ғайра.
Фарқи терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои муташанниҷ гардонидани вазъ ва содир кардани ҷиноятҳои дигар шароит муҳайё месозанд. Мақсади онҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф гардонидани пояҳои бехатарии давлат мебошад.
Шаклҳои зуҳури ин падидаи номатлуб терроризм аз рӯи хусусиятҳояш гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад: инфиҷор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам, барҳам додан ва вайрон кардани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ, бо роҳи зӯрӣ гаравгон гирифтани одамон, дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва ғайра мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта даврони фоҷеабори муқовимат бо терроризм ва эктремизмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор фарзандони худро талаф дода буд. Имрӯзҳодар марҳилаи ҳассоси печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Мардумишарифи тоҷик дигар намегузорад, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми қарни гузашта халалдор намояд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа,ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Олимону омӯзгоронро зарур аст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи мардум, бахусус ҷавонон, донишҷӯён таблиғу ташвиқ намоему барои инкишофи босуръати кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Маҳмудова Н.С., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик