Терроризму экстремизм зуҳуроти хатарзои ҷомеаи муосир

Бо гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он “терроризми байналмилалӣ” аст. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор меравад, ки зухуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- тахдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғабси ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни олам бисёр ба чашм мерасад, ки хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.
Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, кӣ «бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати neшгupӣ ё аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақивӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Дар суханрониҳои хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардиданд ва зуҳуроти тероризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳони табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмва экстремизмяке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз харвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дaҳшaтбopy бераҳмонаи худ ба праблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб бахусус баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асоси он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Новобаста аз он, ки халки тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба ҳаракатҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “нопок” маҳкум менамояд. То ҳол масоили пешгир гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.
Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад. Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебаранд ва маҳз тавассути иқдому талошҳои Пешвои миллат як қатор барномаҳо ва корҳои ғоявӣ барои пешгирӣ намудани терроризми байналмиллалӣ пешниход гардиданд.Дарсиёсатидохилӣнизкорҳоимуҳимдарасоси «Стратегияи миллии Ҷумҳypии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соли 2016-2020» роҳандозӣ шуда буд.
Баҳри боз ҳaм бештар кардани вазъи кунунии кишварамон санаи 26
январи соли 2021 дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳypии Тоҷикистон оид бa муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соли 2021-2025» эълон намуданд.
Экстремизм — аз калимаи франсузии «extremisme» ва аз лотинии «extremuus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузашта, аз андоза гузаштан буда, экстремист — шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. “Терроризм” бошад (аз калимаи лотини «terror») сарчашма гирифта, маънояш тарс ва вахм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Teppop кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумеди афкандан аст.
Бинобар ин ҳap як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳисси ватандустӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣ ва инсондустӣ танҳо қувваҳое мебошанд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм метавонад истодагарӣ намояд. Зеро дар даврони ҷахонишавии босуръат ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ҳap як фарди ҷомеа мувофиқи кору омоли хеш муваззаф ва масъул аст, ки асолати миллӣ ва амну суботи кишвар ва дастоварду арзишҳои фарҳангии хешро пуштибонӣ ва ҳимоят кунанд.
Андешаву мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои консептуалӣ (бунёдӣ) ва принсипиалии (усулии) Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои сар задани терроризм, экстремизм, пешгирӣ ва роҳу василаҳои мубориза бар зидди он яке аз манбаъҳои боэътимод, пояи назариявӣ ва амалии сиёсати муқовимат алайҳи он падидаҳои хатарафзо мебошад.
Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, дар ҳамоишҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои сатҳи олии байналхалқӣ бахшида ба мавзӯи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, мулоқотҳои Сарвари давлат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, уламои дин, ҷавонон,намояндагони гуногуни ҷомеаи кишвар, асару мақолаҳои Пешвои миллат марбут ба масъалаҳои таърих, фарҳанг, тамаддун, дин, анъана ва оину суннатҳои мардуми мо сарчашмаи мӯътамади таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ, бардошту натиҷагирӣ ва тарҳрезиинақшаи фаъолият бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбанд.
Андешаҳои Пешвои миллатро дар мавриди сабабҳо, решаҳои ташаккул, густариши терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ ва дигар падидаҳои хатарафзо ба таври иҷмолӣ бо чунин нуктаҳо метавон ифода намуд:
Аввалан, ҷомеа ҷаҳонӣ, сиёсатшиносон, сиёсатмадорон, коршиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон то ҳол мутаассифона дар мавриди худи мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидаанд, ҳол он ки бидуни чунин ваҳдати назар ва баҳодиҳӣ ба низом даровардан ва муташаккилона ба роҳ мондани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ ғайриимкон аст.
Хулоса, ҳap як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гypӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта, бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкум гардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гирад. Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб, барои рушди минбаъдаи кишвар хатари ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукрона кунем ва ба ватани худ содиқона ҳизмат намоем. Ватани худро дӯст дорем ва ҳамеша кӯшиш кунем, ки фарзандони фарзонаи миллат бошем.
Ҳомидова Заррина, омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ