Терроризмро нест бояд кард!

Рӯзҳои охир хабарҳое, ки дар сомонаҳои интернети оид ба вазъияти баамаломадаи Афғонистону Тоҷикистон нашр мешаванд, моро ба ташвиш овардааст. Аз ҷониби толибон таҳдиди ба Тоҷикистон ҳуҷум кардану тамоми Оссиёи Марказиро запт кардани онҳо вуҷуд дорад чунин омадааст дар расонаҳои хабарӣ. Ба гуфти сардори амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода “Вазъият дар марзи Афғонистону Тоҷикистон мушкил боқӣ монда, хатари террористӣ аз қаламрави Афғонистон афзоиш меёбад”, - гуфт ӯ.

Бо сабаби сарҳади тулонӣ доштани Ҷумхурии Тоҷикистон бо Афғонистон вазъи сиёсӣ ва низомии ин мамлакат ба Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад.

Ба маркази парвариши терроризм табдил ёфтани Афгонистон ба дарачаи таракиёт, побанди сунатхои динниву милли будан, ба қавмҳои гуногун чудо шудани он, камкувват будани давлати маркази, мавҷуд набудани идораи самараноки давлати, мавҷудияти зиддиятҳои қавми иртибот дошта, барои нумуъи терроризм ва ифротгарои заминаи мусоиде фароҳам оварда мешавад. Чунин замина доираҳои террористиро водор менамояд ки дар ин кишвар паноҳ ёбанд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз манбаъхои молиявии гуруххои террористи маводи мухаддир мебошад. Аз ин ру бо сабаби маълум Афгонистон ба яке аз марказхои ассосии истеҳсоли маводи мухаддир табдил ёфтааст.

Дар шароити мавчуда Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар кишвархои Осиёи маркази сархади тулонитар бо Афғонистон дорад, нисбати ин мамлакат бетараф нест. Моро зарур аст, ки дар хамкори бо Куввахои низомии кишварҳои Созмони аҳдномаи дастачамъи барои мустаҳкам намудани мудофияи сархади давлати чорахои мушаххас андешем.

Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода барои ҳифзи марзу буми кишварамон камари ҳиммат бубандем ва нагузорем, ки нокасону хоинон оромии Ватани моро халалдор созанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ