Терроризм ва ифротгароӣ – таҳдид ба субот ва амнияти ҷомеа: андешае чанд перомуни ифротгароии динӣ

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти хатарафзо бо оқибати даҳшатбору бераҳмонаи худ ба биму таҳлуқа ва таҳдиди ҷиддитарини асри XXI барои тамоми инсоният ва таъмини суботу амнияти ҷомеа табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 17 декабри соли 2017 чунин таъкид намуда буданд, ки «бо мақсади таъ­ми­ни устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзоян­даи тер­ро­ризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмон­ҳои бай­нал­милаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем» .

Дар Паёми худ Пешвои миллат чунин иқдом карда буданд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои ташаб­бускор ва фаъоли муборизаи муштарак бар зидди терро­ризм ва ифротгароӣ чун зуҳуроти хатарноки аср дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналми­лалии сатҳи баландро дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушутаномез» пешниҳод менамояд. Ин пешниҳоди дорои арзиш ва аҳамияти муҳим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Ҳамин тавр, санаи 4-уми майи соли 2018 дар пойтахти мамлакат ин Конфронси байналхалқии сатҳи баланд баргузор гар­дида, бегумон дар ҳамоҳангсозии муқовимат ва мубо­риза алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунат­омез нақши муҳим бозид.

Дар суханронии хеш Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси мазкур чунин изҳор доштанд, ки «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хафу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуд­дати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад» .

Таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои қадимаи равшан месозад, ки экстремизм ва ифротгароӣ ин падидаи нав нест ва таърихи тӯлонӣ дорад. Драманависи бузурги Юнони Қадим Эврипид ҳанӯз ду ним ҳазор сол пеш дар асари саҳнавии фоҷиавии худ «Баккайҳо» ин падидаи хата­рафзоро тасвир намудааст.

Аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон бар он ақидаанд, ки экстремизм, тунд­равӣ пеш аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин па­дида дар тамоми гӯшаю канори сайёраи мо ба мушо­ҳида мерасад.

Махсусан экстремизми динӣ дар замони мо дар байни пайравони дини ислом бештар доман паҳн кардааст ва баъзе мубаллиғони он аз муқаррароти дини мубини ислом сӯистифода намуда, исломро бо ғаразҳои сиёсӣ омехта месозанд, тибқи дастуру нишондод ва нақшаҳои хоҷагони бегонаи худ, ки душманони аслии ислом ҳастанд, амал менамоянд.

Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ қариб ҳазор сол қабл аз ин моро аз чунин «пешвоёну ходимони» динфурӯшу манфиатҷӯ, ки дину имонро ба ҷуз василаи ба даст овардани суду манфиати худ чизи беш намеҳисобанд, чунин ҳушдор дода буд:

Зиёни касон аз паи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин таъкид намуданд: «Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд».

Баъзе муҳаққиқон, таҳлилгарон ва коршиносони исломи муосир бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони ислом ва баъзе кишварҳои мусулмонӣ ҳоло ду падидаи номатлуб ва хатарафзо ба мушоҳида мерасад.

Падидаи аввал, аз як ҷониб аз ҳад ба сиёсат омезиш ёфтан, ба сиёсат гаравидани дин, ё ба истилоҳ густа­риши исломи сиёсӣ, сиёсишавии дин (политизация религии).

Падидаи дуюм, аз ҷониби дигар аз ҳад ба дин омезиш ёфтан, ба дин гаравидани сиёсат, махлутшавии сиёсат бо дин, ё ба истилоҳи дигар динӣ гардидани сиёсат, афзалият ва ғолибияти арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти динӣ, дар самту соҳаҳои гуногуни сиёсат нисбат ба меъёрҳо ва қонунҳои мутамаддин (религи­зация политики).

Мутаасифона дар таърихи гузашта ва начандон дури мо ин зуҳуроти номатлубро метавон мушоҳида намуд, ки сабаби хушунат, ихтилоф, парокандагӣ ва фоҷиаи миллат ва шикасти давлат гашта буд.

Яке аз сабабҳои суқути нахустин давлати мустақил ва муттамаркази тоҷикон-Сомониён аз байн рафтани таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта, эҳтироми якди­гар миёни пайравони дину мазҳабҳои гуногуни қалам­рави он давлат, шиддат ёфтани ихтилофҳои мазҳабӣ, афзудани хушунат ва ифротгароӣ ба шумор меравад.

Таҳлилу таҳқиқи таърихи пайдоиши ихтилоф ва ҷудоӣ дар ислом ва пайравони он собит месозад, ки сабаб, реша, омил ва ангезаи аслии он пеш аз ҳама мубориза барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ, маснаду курсӣ, молу сарват, обрӯ ва нуфуз мебошад.

Баъд аз шикасти давлати Сомониён мубориза барои қудрати сиёсӣ дар гӯшаву канори он ва дигар нуқоти Мовароуннаҳр ва Хуросон авҷ мегирад ва қудратталабон омили дину мазҳабро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ моҳирона истифода мебаранд. Ин буд, ки дар байни пайравони дини ислом равия ва шохаҳои гуногуни бо ҳам ихтилофангез пайдо шуданд. Аз ҷумла, дар байни пайраво­ни яке аз ҷараёнҳои он исмоилия ду гурӯҳ – мӯъта­дилон (таҳаммулгароён) ва ифротгароён зуҳур намуданд.

Яке аз пешвоёни ҷараёни ифротгаро шайх Ҳасани Саббоҳ қалъаи дастнораси кӯҳи Аламут («Ошёни уқобон»)-ро дар наздикии шаҳри Қазвини Эрон ба даст овард ва ба таблиғу ташвиқи ғояҳои худ пардохт .

Маҳз бо ташаббуси ӯ аввалин дастаҳои террористӣ-фидоиёни ислом дар қаламрави Эрон пайдо шуданд, ки рақибони ғоявии худро таъқибу ҷисман нобуд месох­танд. Бо дастури шайх Ҳасани Саббоҳ вазири доно ва ботадбири Салҷуқиён-Низомулмулк (1018-1092) 14 октябри соли 1092 ҳангоми сафари Бағдод дар наздикии шаҳри Наҳованд аз дасти ҷотил-фидоии зархарид Абӯтоҳир кушта шуд.

Ин гуна далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе ходимони дин, пешвоёни мазҳаб динро бо пероҳани сиёсӣ пероставу ороста намуда, онро бо мақсадҳои муғризонаи худ истифода мебурданд ва имрӯз ҳам мебаранд. Пешвоёни дигаре низ ҳастанд, ки бар хилофи онҳо бо донишу хирад, тамкину таҳаммул ва кору пайкари хеш мазҳаби худ ва пайравонашонро бо чеҳраи беҳтарину хубтарин, таҳаммулгароӣ, ҷонибдори сулҳу салоҳ, дар дӯстиву муҳаббат, содиқу бовафо, ҳимматбаланд, инсондӯст ва соҳиби фарҳангу ахлоқи воло муаррифӣ менамоянд. Инро мо дар муқоисаи се чеҳраи арбобон ва пешвоёни дину мазҳаб – шайх Ҳасани Саббоҳ, Усома бинни Лодан ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғохони IV метавонем мушоҳида намоем. Ду чеҳраи аввал­ро пайравонашон ҳамчун шахсоне, ки гӯё дар роҳи ислом ва озодиву адолат мубориза баранда муаррифӣ кардан мехоҳанд, вале дар асл онҳо ислом, мазҳаби хешро чун аслиҳаи сиёсӣ, ғоявӣ, мафкуравӣ ва ҳатто аслиҳаи ҷангӣ истифода бурда, ба ислом иснод овардандаву сабаби қатлу ғорат, ваҳшат ва доман паҳн кардани терроризм, ифротгароӣ мегарданд.

Чеҳраи сеюм – Оғохони IV имрӯз дар тамоми ҷаҳон чун як шахсияти беназир, маъруфтарин пешвои мазҳаб, арбоби намоёни ҷамъиятӣ, фарҳангӣ шинохта шуда, бо кору пайкари нек, амалҳои хайру савоб, бо фаъолияти густурдааш дар роҳи таблиғу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳои гуногун, таблиғи илму фарҳанг, арзишҳои беҳтарини ахлоқӣ ва маънавии ислом, аз ҷумла мазҳаби исмоилия шинохта шудааст.

Оғохони IV дар Тоҷикистон на танҳо дар байни пайравонаш-мардуми Бадахшон, балки дар байни тамоми сокинони ҷумҳурӣ маъруфу машҳур аст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба мардуми Бадахшон кӯмаки зиёди моддӣ ва маънавӣ расонида, барои расидан ба сулҳу оштии тоҷикон саҳми арзандаи худро гузошт. Бо маблағу кӯмаки молиявии Оғохони IV дар пойтахти мамлакат шаҳри Душан­бе Маркази исмоилиён бунёд шудааст ва он на танҳо як макони адои фаризаҳои динӣ, балки як маркази илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Ҳоло дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ бо дастгирии Бунёди Оғохон бузургтарин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо пояи таълимӣ, зеҳнӣ, техникӣ ва омӯзишиву тарбиявии замонавӣ сохта шуда истодааст.

Ташрифҳои чандинкаратаи Оғохони IV ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои зиёди ӯ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин чеҳраи шинохтаи мазҳабӣ на танҳо дар байни пайравонаш ва тамоми мардуми оддии Тоҷикистон, балки дар байни роҳбарияти олии мамлакат, элитаи сиёсии Тоҷикистон соҳиби эҳтиром ва маҳбубияту маъруфияти хоса аст.

Яке аз сабабҳо, омилҳо ва ангезаҳои муқовимати шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии бародаркуш дар Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) дар оғози истиқлолият ва рехтани хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳи тоҷик, аз ҷумла фарзанди фарзонаи миллат Муҳаммад Осимӣ, Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Моёншо Назаршоев, ходимони давлатию сиёсӣ Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Мунавваршо Назриев, нависанда Сайф Раҳими Афардӣ, рӯзноманигорон Муродулло Шерализода, Муҳидини Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, В. Никулин, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, ходимони дин ва дигар шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, мардуми оддӣ маҳз ба сиёсат омехта шудани ислом, ҷоҳу ҷалол ва қудратталабии баъзе ходимони дин, таассуб, ифротгароӣ ва ҷаҳолату ҳурофоти динӣ буд, ки хоҷагони бегона, душманони давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷик бо дасти хоинони миллат ва дину мазҳаби мо роҳандозӣ намуданд.

Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса баровард, ки дину мазҳаб ҳамчун як ҷузъи таркиби арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ходимону пешвоёни дин метавонанд сабаб ва омили муттаҳидӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафт, созандагӣ, бунёдкорӣ бошанд ва баръакс баъзе ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва пешвоёну сарварони он боиси ихтилоф, душманӣ, хушунат, қатлу ғорат, тақрибкорию харобкорӣ, биму таҳлука дар ҷомеа ва монеаи пешрафти он гарданд.

Мусаллам аст, ки дар кадом ҷомеа ва кишваре, ки таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ реша давонад, дар он ҷомеа ҳамон қадар каҷравию нобасомонӣ, бӯҳрону инҳирофоти равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ дар руҳи иҷтимоӣ ғолибият ва афзалият пайдо намуда, ҷараёни табиӣ ва иҷтимоии таҳаввулот, инкишофи зеҳнӣ, ахлоқӣ ва дар маҷмӯъ пешрафти ҷомеаро бозмедорад. Маҳз таассуби динӣ, хурофот, ҷаҳолату торикӣ яке аз заминаҳо, сабабҳо, омилу ангезаи ифротгароии мебошад.

Яке аз муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи таъриху фарҳанги ислом ва масоили сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо, ки чеҳраи аслии ифротгароёни диниро хеле дақиқ ва воқебинона ба риштаи тасвир кашидааст, комилан дуруст қайд менамояд, ки аксарияти онҳо саводи казоии динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва таҷрибаю маърифати саҳеҳи динӣ надоранд. Тамоми «дониши динӣ»-и онҳо фақат аз баъзе маълумотҳои ибтидоии фиқҳӣ, илоҳиётшиносӣ, баъзе иттилооти таърихӣ, маводи таблиғотии ғоявию сиёсии динии хеле соддаву сатҳӣ иборат аст, ки онро ғолибан аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ё дигар манбаҳои ғайриҳирфавӣ ба даст оварданд. Онҳо аҳком, шариат, меъёрҳо, муқаррарот, арзишҳои аслии фалсафӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии динро, ба таври хеле маҳдуд, сатҳӣ, зоҳирӣ, сарсарона, сахтгирона ва ҷоҳилона фаҳмида, танҳо ақида, тарзи дарку фаҳмиши хеш ва ақидаву фаҳмиши хоҷагон, охундҳо ва дигар «устодони» маънавии худро эътироф ва қабул менамоянд ва ақидаи уламои мӯътабари исломро қабул надоранд. Ин гуна ашхос ба меъёрҳои зоҳирӣ, мисли рангу намуди либос, дарозӣ ва кӯтоҳии шалвору эзор, тарзи хондани намоз ва ҷунбондани узвҳои бадан ҳангоми адои намоз бо сару садои баланд, андозаи ришу печи салла, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокима ва маҳкум кардани рафтори дигарон ва дигар аломатҳои зоҳирпарастӣ таваҷҷӯҳи беандоза ва ҷиддӣ дошта, аммо ба арзишҳои аслии динӣ, чун таҳаммул, тақвою парҳезкорӣ, раҳму шавқат, илму маърифат, меҳнати ҳалол, ахлоқу одоби ҳамида, озодӣ ва озодандешӣ, фарҳангу маънавиёт таваҷҷӯҳ надоранд.

Онҳо дар бораи дин ҳарфи зиёд мезананд, аммо аз рӯи таълимоти аслии дин амал намекунанд, яъне сухану амалашон ба ҳам мувофиқ нест, чунонки Хоҷаи Шероз мегӯяд:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Ифротгароёни динӣ ба мазҳабҳо, шохаҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари динӣ эҳтиром намегузоранд, нисбати пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳисси бадбинӣ доранд, дар ҳаққи онҳо суханони носазо мегӯянд, онҳоро кофиру мулҳид эълон мекунанд ва сабаби низоъ, ихтилоф ва ҷудоӣ дар байни пайравони як дин ва душмании динҳои гуногуни ҷаҳон мешаванд.

Ашхоси ифротӣ баҳсу мунозираи солими илмӣ, ақидавӣ, далелу бурҳони ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс новобаста аз далелу бурҳони қотеи ҷониби мухолиф ҳамон ақидаву фаҳмиши танги худ ва фатвои муфтиёну охундҳои шабакавии худро тӯтивор такрор менамоянд [1]. Онҳо ба ҷомеа ва инсон­ҳо аз рӯи дарку фаҳмиши маҳдуди динии худ муносибат менамоянд, бо шахсони пайрави ақидаи дигар созиш карда наметавонанд, фақат бо «барода­рон», яъне ҳамфикрони худ робита дошта, дар як муҳи­ти тангу торики хеш зиндагӣ мекунанд.

Ифротгароёни динӣ ба арзишҳо ва меъёрҳои қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти қудратӣ, ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, озод ва умуман нисбат ба давлат ва қонунҳои мутамаддин ҳисси нафрат доранд ва ҳамеша бар зидди он дар мавқеи мубориза қарор мегиранд.

Шахси ифротӣ арзишҳои фарҳангию маънавӣ, аз ҷумла ба санъат, ҳунар, мусиқӣ, шеъру адабиёт, расму оинҳои мардум бо ҳисси нафрат ва бадбинӣ муносибат менамояд. Ӯ шаклҳои гуногуни иртиботи инсонӣ ва пайвандҳои иҷтимоиро беарзиш меҳисобад ва омода аст, ки ҳатто аз падару модар, хоҳару бародар, пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодони худ танҳо ба хотири он, ки онҳо пайрави ӯ нестанд ва ақидаи дигар доранд, даст кашад, онҳоро маҳкум ва сарзанишу намояд.

Ифротиёни динӣ ҷаҳонбинии пучгаро (нигилистӣ) дошта, таъриху фарҳанг, арзишҳо, ҳувият ва дигар нишонаҳои асолати миллиро эътироф намекунанд ва чун бегонапараст арзишҳо, ғояҳои бегонаро парастиш ва таблиғу ташвиқ менамоянд. Ифротгароёни динӣ барои татбиқи амалии ақида, фаҳмиши тангу ботили худ бо тамоми қувва талош мекунанд ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш ҳама гуна роҳу васила, аз ҷумла, зӯроварӣ, хушунат, таҳдид, бераҳмӣ, гаравгон­гирӣ, куштор, инфиҷор ва дигар амалҳои террористӣ ва экстремистиро дурусту раво меҳисобанд ва ин амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайридиниро «ҷиҳод», «ғазавот» ё ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом меҳисобанд.

Агар тамоми аломатҳо ва «сифатҳои» ифрот­гароён­ро ҷамъбаст намоем, - хулоса мебарорад, - Абдуллои Раҳнамо, ифротгароии динӣ ҳаргиз як тарзи солими эътиқод, имон ва диндорӣ набуда, балки як навъи инҳирофи динӣ, бегонашавии миллӣ, бегонапарастӣ, осебпазирии иҷтимоӣ, зафъи ақлонӣ, зеҳнӣ ва бемории равонӣ аст. Аз ин рӯ, фарзи ифротгарои динӣ барои ҷомеа, барои тамоми инсон як хатари беандоза ҷиддӣ ва ташвишовар аст.

Ҷои баҳс нест ва барои ҳама мусаллам аст, ки ҳар ҷо ки бесаводию нодонист, он ҷо ҳатман ҷаҳолату хурофот ва таассуби динӣ ҳоким аст. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои мусалмонӣ мутаассифона ҳамеша ҷангу низоъ, қатлу ғорат, хунрезӣ, инфиҷор ва қасди ҷони инсон дар шаҳру деҳот, кӯчаву хиёбон, масҷиду мадраса, беморхона, мактабу бозор идома дорад.

Абарқудратҳо барои манфиатҳои геополитикӣ, геостратегии худ ва соҳиб шудан ба сарватҳои бойи кишварҳои мусулмон аз рӯи шиори классикии «тақсим куну ҳукумат рон» амал карда, барои ин миллати азияткашида ва бечораву сарсон ва аз ватанаш гуре­зону парешон ҳар рӯз як дину мазҳаби нав месо­занд, онҳоро ба ҳам мешӯронанд ва ин аст, ки дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон мусалмонон бар зидди ҳамдину ҳамкеши худ бархоста, якдигарро кофи­ру мулҳид мехонанд ва хуни якдигарро мерезанд. Аз ин аҳволи мусулмонони бечораву нолон ва зери пои бегонагон афтода, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба шӯр омада, ҳам бо сӯзу гудоз ва ҳам истеҳзо гуфта буд:

Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,

Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.

Биё, нақши дигар миллат бирезам,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.

Ҷоҳилӣ, нодонӣ ва хориву зориро танҳо донишу маърифат, савод, ақлу хирад аз байн мебарад ва мактабу савод чароғи равшан ва минои роҳанамои ҳар як миллат аст. Барои собит сохтани ин андеша як далели омориро аз моҳномаи «Бедорӣ» овардан кифоя аст: «Дар сайёраи мо 1 миллиарду 400 миллион мусул­монон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумора 800 миллион ё худ 60 фисади онҳо комилан бесаводанд, яъне хондан ва навиштан наметавонанд. Теъдоди тамоми донишгоҳ­ҳо дар 57 кишвари мусулмонии ҷаҳон анқариб 600 адад аст, дар ҳоле, ки танҳо дар Ҳиндустон 8500 донишгоҳ амал мекунад. Дар Амрико бо нуфузи хеле камтари аҳолӣ аз Ҳиндустон 6 ҳазор донишгоҳ ба умури тадрису таълим машғул аст, ки аз тамоми кишварҳои исломӣ дар маҷмӯъ 10 баробар зиёд аст. Дар ду кишвари ғайримусулмонӣ Ҷопон (Япония) ва Донмарк (Голландия) сатҳи бесаводӣ ба сифр баробар аст, яъне дар ин кишварҳои пешрафта шахси бесавод умуман вуҷуд надорад». Аз ин рӯ, сабаби пешрафту комёбиҳо ва дастболоии Марғибро дар муқоиса бо Машриқ аллома Иқбол маҳз дар илму дониш мебинад:

Қувваи Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Қувваи Мағриб аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12 майи соли равон чунин таъкид намуданд: «Фаромуш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон боз ҳам баландтар гардад».

Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба мактабу маориф, илму фарҳанг дар мамлакати мо дар маркази таваҷчӯҳи Пешвои миллат ва меҳвари сиёсати иҷтимоӣ-фарҳангии Сарвари давлат қарор дорад.

Дар суханронии худ Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар бораи татбиқи амалии ду қонунии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ намуданд. Барои пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои талаботҳо ва меъёр­ҳои он ба тамоми мақомотҳои дахлдор, муассиса­ҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва аҳли ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла, қайд намуданд, ки аз ҷониби баъзе падару модарон эҷод намудани монеа барои ба мактаб рафтани фарзандон як падидаи ташвишовар аст ва барои содир намудани чунин кирдор дар соли 2017 ва се моҳи соли равон нисбат ба волидайн 175 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ аст [9]. Дар соли 2017 ва се моҳи соли ҷорӣ барои қонуншиканиҳо дар самти таълиму тарбияи фарзанд зиёда аз 23 ҳазор нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар ҳамин давра, танҳо дар марказҳои дилхушӣ қариб 3 ҳазор нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор боздошт шуданд, ки аз бемасъулиятии баъзе падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат дар мулоқоти зикршуда дар бораи нақшу мақом ва масъулияти ходимони дин, алалхусус, имомхатибон дар тарбия ва раҳнамоии мардум, хоса­тан наврасону ҷавонон барои иҷрои амалҳои хайру савоб, бедор намудани ҳисси худшиносӣ ва меҳнат­дӯстӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн, калонсолон ва шинохту азхудкунии исломи воқеӣ, арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии он сухан ронда, зикр намуданд, ки «мутаас­сифона дар байни онҳо шахсоне пайдо шуданд, ки вази­фаи муқаддаси худро иҷро накарда, баръакс, ҳамчун узви равия ва созмонҳои террористӣ ба тарғибу ташвиқи ақидаи ифротгароӣ машғул гардиданд».

Дар тӯли чанд соли охир 23 нафар хатибон ва ноибхатибон, ки аъзои ниҳодҳои террористӣ буданд, дастгир ва ба муҷозот кашида шуданд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки ба пешгирии амалҳои террористӣ, ифротгароӣ ва паҳн шудани ғояҳо ва ра­вияҳои бегонаи динӣ марбут аст ва он дар суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ин баргардонидани муҳассилине, ки ғайриқонунӣ дар донишгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, мебошад. Маҳз баъзе аз онҳо ҳангоми таҳсил ба ғоя ва равияҳои дигари бегона гаравиданд, онҳоро хадамоти махсуси давлат­ҳои хориҷӣ, созмонҳои террористӣ ва ифротгаро бо ҳар роҳу васила ба ҷониби худ ҷалб сохтанд ва бархе аз онҳо бо гурӯҳҳои харобкори радикалӣ ва террористону ифротгароён пайваста, падару модар ва хешу табори худро шармсор ва давлату миллатро бадном месозанд.

То имрӯз беш аз 3400 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар машғул буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Вале, ҳанӯз қариб 400 нафари дигар дар муассисаҳои таҳси­лоти ба ном динии кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки мо худамон Донишкадаи исломӣ дорем, ки метавонад мутахассисони сатҳи баланди донишҳои динӣ ва дунявӣ доштаро тарбия намояд.

Дар замони мо, ки терроризм, таассуби динӣ ва ифротгароӣ беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умуми­башариро касб намуда, на танҳо дар минтақаҳои ало­ҳи­да ва том, балки дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кардааст, таҳқиқу омӯзиши сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои пайдоиши он ва роҳу василаҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб аҳамияти муҳими илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад.

Олимон, сиёсатмадорон, коршиносони ин масоил до­ир ба заминаҳо, сабабҳо, решаҳо ва ангезаҳои пай­до­иши терроризм, ифротгароии динӣ, шаклҳои терро­ризм ва мақсаду мароми созмонҳои террористӣ ва экстре­мистӣ, динию ифротгаро фикру андешаи гуно­гун доранд.

Бино ба ақидаи С.Лонсов терроризм як шакли сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдиду фишор, зӯроварӣ ба олам ва оламиён аст.

Дар мизи мудавваре, ки 11-12 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мубориза бар зидди ифротгарони динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Фаронса» бо иштироки коршиносону пажӯҳишгарон аз Фаронса ва Тоҷикистон баргузор гардид, қайд шуд, ки зухуроти нанговару даҳшатноки терроризм, ки ғолибон таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом ва арзишҳои маънавию ахлоқии он иртиботе надорад ва тамоми аркону аҳкоми ислом онро маҳкум месозад. Ин амали носавоб аз ҷониби душманони ислом роҳандозӣ шуда, аз ваҳшониёти асримиёнагии террористон ва ифротгароён беш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва тамоми мусулмонони сайёра хисороти молӣ, ҷонӣ ва маънавӣ мебинанд.

Коршиноси Фаронса, мушовири бахши дин дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Жан Кристоф Посел чор сабаб, замина, ангеза ва омили пайдо шудани терроризм ва тундравию ифротгароиро чунин шарҳу эзоҳ дод: якум омили равонӣ (психологӣ), дуюм- иҷтимоӣ, сеюм-иқтисодӣ чорум-идеологӣ-динӣ.

Коршиносон, сиёсатшиносон, муҳаққиқони масоили терроризм ва ифротгароии динӣ чунин шаклҳо ё навъҳои терроризмро номбар менамоянд:

  • Терроризми сиёсӣ- як навъи терроризм, ки бо истифода аз таҳдиду фишор ҷомеаро ба ҳолату вазъи ногувори сиёсӣ, бесуботӣ ва хараҷу мараҷ, беҳокимиятӣ меорад, ки дар натиҷа ихтилоф, ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси ҳамон ҷомеа мегардад. Субъекти терроризми сиёсӣ маъмулан ҳизбҳои сиёсии динӣ-ифротӣ, радикалӣ ва созмонҳои ифротгаро мебошанд.
  • Терроризми миллатгаро - худро муборизони роҳи озодии миллӣ ва зидди ситами миллӣ эълон намуда, бар муқобили намояндагони халқу миллатҳои дигар амалҳои террористӣ содир менамоянд. Мақсаду мароми терроризми миллатгаро тағйир додани ягонагии ҳудудӣ, марзу бум ва таъсиси давлати миллӣ мебошад.
  • Терроризми динӣ - дар зери ниқоб ва шиорҳои динӣ амал намуда, худро муборизони роҳи дин- муҷоҳид, ғозӣ, фидоӣ ва ғайра эълон менамоянд ва динро бо ғаразҳои сиёсии худ омехта месозанд.
  • Терроризми сепарастӣ (ҷудоихоҳӣ, марказгурезӣ) - пайравони ин гурӯҳ худро муборизони асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди тамомияти арзӣ, якпорчагии давлат ва баромадан аз ҳайати он мубориза мебаранд ва ба ҳукумати марказӣ итоат кардан намехоҳанд ва чун қувваи марказгурез, ҷудоихоҳ барои ҷомеаи ҳамин давлат хатар эҷод менамоянд.
  • Терроризми антиглобалӣ - гӯё бар зидди ҷараёни «қашшоқшавии умумӣ» [3,6], бар зидди давлатҳои абарқудрат, ки тамоми давлатҳои ҷаҳонро гирди як «хони бузург» муттаҳид кардан мехоҳанд ва алайҳи хатар ба арзишҳои фарҳангӣ, забонӣ, суннат ва динӣ, ки онро глобализатсия ё ҷаҳоншавӣ ба сари мардуми ҷаҳон ворид сохтааст, мубориза мебаранд.
  • Терроризми технологӣ - таҳдиди аз ҳама хатарнок бо истифода аз аслиҳаи қатли ом - ҳаставӣ, кимиёвӣ, бактреологӣ ва дигар воситаҳои радиоактивӣ ва ба ин васила ба вуҷуд овардани фоҷиаҳои бузурги техногенӣ, харобиҳои экологии барои сайёра ва инсоният фоҷиаангез.
  • Терроризми кибернетикӣ - он нисбат ба ҳамаи навъҳои террор таҳдиди бештар дорад. Мақсади ин гуна гурӯҳҳои террористӣ роҳ ёфтан ба манбаҳои муҳим ва махфии иттилоотӣ, хароб кардани ин манбаъ, пахш кардани маълумот ва иттилооти бардурӯғ, як навъи «ҷанги сард» бо роҳу василаи нав ва технологияи иттилоотии замони муосир.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар Дорулбайзо, 13-14-декабри соли 1994 гуфта буданд: «Мо бояд андеша намоем, ки чаро тоифае номи дини мубини исломро доғдор месозанд.

Вақти он расидааст, ки мо бояд барои обрӯи исломро баланд бардоштан тадбирҳои ҳамоҳангсозии самарабахш андешем».

Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” чунин андешаҳои ҷолибро баён кардаанд: «Низои фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар қаламрави ислом аз нав хурӯҷ намуд. Уммати исломро фитнаи такфир, яъне кофир хондани мусулмон фаро гирифт. Фирқаҳо ва азҳоби динӣ чунон зиёд шудаанд, ки ҳар кадом ба кофир ҳисобидани мухолифини ақидавӣ ва сиёсии худ мешитобанд ва муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ меҳисобанд».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 4 майи соли равон чунин таъкид намуданд, ки ҷуғрофияи хата­ру таҳдидҳои даҳшатбори терроризм ва ифрот­гароии динӣ дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва хатар­афзо тавсеа меёбад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Борҳо таъкид намудам, - зикр намуданд, Сарвари давлат, - ва ҳоло бори дигар иброз медорам, ки терро­ристу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист – террорист асту ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бего­на» ва ё «таҳаммулгарову» тундрав буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифрот­гароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шавад

Таъкид, дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳар яки моро ба ҳифзи Ватан, манфиатҳои миллӣ, ояндаи давлат ва ҷомеа, таъмини амнияту субот ва ҳимоя аз ин зуҳуроти хатарафзо ва манфии замон водор месозад.

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ