ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ХАТАРИ БУЗУРГ

Ифротгароӣ ва тероризм имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, инсониятро ба ҳарос овардааст. Тавре аз васоити ахбори умум огаҳӣ дорем, имрӯзҳо зиёда аз 100 (сад) мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи терористӣ қарор гирифта, ҳазорҳо мардуми осоишта қурбони он гардидаанд.

Гоҳо шоҳиди он мешавем, ки ҷавонони гумроҳу содда, бедонишу кӯтоҳназар ба доми ифротгароён афтодаанд. Ин ҷавонони кӯтоҳандеш фикр намекунанд, ки худи терорист барои дороии муфту бедарди миён яроқ ба даст гирифта, ҳамхуну ҳамэътиқоди хеш, яъне, ба ҷони бародари мусалмони худ раҳм намекунад. Хуни ноҳақ мерезанд, модарону кӯдакони бегуноҳро мекушад.

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як давлати пешсаф дар муқовимат зидди тероризм ва экстремизм мебошад.

Тавре Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд: “Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро намедонад, вай истиқлоли хешро пуштибонӣ карда наметавонад ва аз даст медиҳад”. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик дар тӯли асрҳо мамлакати бегонаро ғасб накард, дороии қавму миллати бегонаро бо зурӣ ба даст наовард, фарҳанги аҷнабиро моли худ наҳисобид. Аммо дар тӯли ин қарнҳо мубориза бурд, то забони худ, фарҳангу маданияти худ, Ватани аҷдодии худро ҳифз намояд, то мо имрӯз аз таърихи гузаштагони худ огаҳ бошем.

Ман ҳамчун ҷавони даврони истиқлол тамоми ҳамсолонамро даъват менамоям, ки фирефтаи ин тӯдаи ҷинояткор нашаванд, ба ваъдаҳои пуч ва фиребгароёнаи онҳо бовар накунанд.

Имрӯз бояд шукри истиқлоли давлат ва Ватани осудаи худ, Тоҷикистон намоем. Ҳама дар зери ливои Ватан аз як гиребон сар бароварда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани он саҳми хешро гузорем.

Ҳазраталӣ Авезов,

донишҷӯи соли аввали факултаи таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ