Терроризм ва экстремизми динӣ - хатари он ба амнияти ҷомеа

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша меронад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм - яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Инчунин бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»-ро қабул карда шуда аст. Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

Барои пешгирӣ намудани воридшавии идеологияи экстремистӣ ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилави, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

Бердишукуров А.А.- мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ