Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣчӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Аммо барои як инсони одӣфаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣнисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад. Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимон, соҳибназарону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд. Шароит имрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст». «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст. Агар шабеҳаи як шахси ифротгароро тасвир карданӣ бошем, пас, ин шабеҳа чунин аст. Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад. «Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд. Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣомадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд. Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад. Агар симои як ифротгароро тасвир карданӣшавем, пас, надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, эътирофи танҳо фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи хурдагирона ба рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрок, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳанд буд. Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад.

Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман нисбат ба низоми давлатӣ эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, дар муқобили онҳо қарор мегирад. Ба фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, рўҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодон мисли ў ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

Каримов Мурван Муҳаммадалӣ - донишҷӯи курси 3-и факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ