Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуб

Имрӯзҳо дар шароити ҳассосу таҳаввулпазири низоми ҷаҳонӣ таҳдиду талошҳо ба амну суботи ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа ва бо шаклу гунаҳои мухталиф ба маротиб боло рафта истодааст. Ҷаҳони муосир бо як қатор мушкилоту муаммои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводди мухаддир, харидуфуруши аслиҳа ва ғайра рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дар иддаи аз кишварҳо на танҳо оромишу субот, балки тамомияти арзӣ ва мавҷудияти онҳо таҳти суол қарор гирифтааст.

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷидди рӯ ба рӯ сохтаанд.

Мутассифона, дар замони муосир афрод, гурӯҳҳо ва қудратҳои ҳадафманд аз рӯи нақшаи пешаки таҳияшуда мехоҳанд барои шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеаи мусулмонӣ замина гузоранд.

Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан неруҳои имониро дар ин самт сӯистифода бурда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон мекунанд, ки “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, амсоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Натиҷаҳои таъкид ва огоҳии саривақтии Пешвои миллат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъи андешиданд.

Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунад.

Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд. Аз ин лиҳоз мо бояд лаҳзае аз ёди Ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат тарбиякунандаи эҳсосу устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далери шуҷои Ватан аст.

Сурайё Ҳакимова, дотсенти кафедраи иттилоот ва робита бо ҷомеа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ