Терроризм ва экстремизм - падидаи номатлуби ҷомеа
Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.
Дар замони ҳозира маълумотҳои гуногун барои ҷавонон хеле зиёд ва дастрас буда, онҳо намедонанд, ки кадом қисми ин маълумотҳо бар нафъ ва кадом қисмаш бар зарари онҳост.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, ис-тиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Руйдодҳои сиёсии давлатҳои алоҳида дар замони муосир шакл, мазмун ва мeҳтавои хоси худро доранд. Аз ҷумла, барои ки-шварҳои манотиқи Осиё зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебо-шад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳои динӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо истифода мебарванд.
Ҳар лаҳза фаъолияти пасипардагии ташкилоту гурўҳҳои террористӣ
таҳдиду хатарҳои воқеиро ба ҳар як фарди сулҳҷў ва осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоранд. Зуҳури падидаи мазкур ҳанўз аз замонҳои қадим маншаъ гирифта, сабаби пайдоишаш манфиатҳои қавмӣ, гурўҳӣ, шахсӣ ва ғайра мебошад. Асоси ин манфиатҳоро талаботи иқтисодӣ ташкил медиҳад. Алорағми манфиатҳо, ки мақсадаш ҷамъ кардани сарват ва пулу мол аз ҷонибест, чӣ қадар хуни халқи бечора рехта мешавад. Муҳаққиқон беҳуда нагуфтаанд, ки ҷангро сиёсиён ва манфиатҷўён оғоз мекунанд, вале халқи бечора қурбон мегардад. Воқеан, ҳамин тавр аст, вагарна барои манфиати касоне, ки худ аз ҷангу куштор ва майдони муноқиша фарсохҳо дуранд, вале амалиёти ҷангро аз дуриҳо назорат ва идора мекунанд.
Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин роҳ қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, зӯроварӣ, даҳшат овардан ва ба тарсонидани одамон даст мезаданд. Аз таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам дарк намудан мумкин аст, ки мақсади қувваҳои террористӣ нобуд намудани рақиби худ мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Онҳо мехоҳанд маҳз бо ҳамин роҳу восита дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар замони муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо раванди номатлуби терроризм ҷомеро хеле нигарон намудааст ва барои пешгирии омилҳои террористӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, ки талаби замон ба ҳисоб меравад.
Калимаи экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст ва ин зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд. Бинобар ин дар тамоми арсаи ҷаҳонӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд ва чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Аз ин лиҳоз, кӯшиш ба он намоем, ки ҷавонон қурбони терроризм нагарданд ва онҳоро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро омӯхта, барои аз худ дур намудан он кӯшиш намоянд, то ки амнияти кишвар ҳифз ва сулҳу ваҳдат пойдор гардад.
Дар марҳилаи ҳозира ин идда мехоҳанд ҳадафи худро миёни мардум паҳн намоянд ва ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофта ва хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона созанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.
Дар шароите, ки башарият аз сатҳи баланди маърифат, аз баробарии инсонҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф мезанад ва ё таманнои расидан ба онро дорад, ин зуҳурот хавфи ҷиддие ба инсоният мебошанд.
Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмасъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Бинобар ин ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардани он қарз ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеши ҳар фарди бедордили ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Сатҳи пасти маърифат, ки барои ҷо намудани афкори ғалату зиддиинсонӣ имкон медиҳад, чунин тарзи фаҳмишро дар зеҳнҳо ҷой медиҳад, ки танҳо зӯроварӣ, бераҳмӣ ва таҳдид василаи асосии таъсиррасонӣ барои табдил додани олам ба шумор меравад. Ба аксарияти онҳо аломатҳои содагӣ, нодонӣ хос аст, ки ин монеаи асосӣ барои ҳалли масъалаҳои мураккаби ахлоқӣ ва маънавии онон мегардад. Инро таҷрибаҳои дастгир кардану кӯшиши ислоҳи онҳо нишон медиҳад.
Террористону экстремистон касоне ҳастанд, ки дар рафтор ва ҳаракати онҳо ҳассосият нисбат ба ақл афзалият дорад, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ ё бехудӣ мерасад ва мутаассифона, бо чунин рӯҳия онҳо ба маконҳои серодам наздик мешаванд ва чӣ кор кардани худро сарфаҳм намераванд, ки хатари аслии равонии ҳолати онҳо низ ҳамин аст.
Мутаассифона, муассисону роҳбарони гуруҳу созмонҳои терророристӣ ин хусусиятҳои равониро ҳангоми тайёр намудани аъзои худ хуб ба инобат мегиранд ва дар саҳифаву сомонаҳои хусусияти эстремистию террористидошта ҳуҷуми равонӣ ё худ психологӣ мавқеи хосса дорад ва гуё дар онҳо равоншиносони соҳибкасб барои ҷалб кардани одамони гумроҳ, содда ва камсавод машғуланд. Онҳо дар сомонаҳо ролику видео, навиштаҷоти кӯтоҳеро барои ҷалби шаҳрвандон, хусусан ҷавонон истифода мебаранд, зеро мо медонем, ки ҳеҷ кас аз модар террорист таваллуд намешавад, балки ӯро шахсони алоҳида дар давраҳои гуногун ба ҳар тарз тайёр мекунанд.
Ба андешаи муҳаққиқон дар олами ВАО интернет яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, сайтҳои роҳнамо, ки аксаран сарчашмаҳои ташвиқ намудани маводи террористию экстремистӣ маҳсуб мешаванд, тадриҷан зиёд гардида истодаанд. Акнун ҷомеаи иттилоотӣ ба тўдаи таҳдидҳои шадиди иттилоотӣ аз тарафи экстремистон ва террористон мувоҷеҳ шудааст. Айни ҳол барои ин шабакаҳо ва хизматгузориҳои ВКонтакте, Одноклассники, YouTube, Facebook, Instagram, Livejoumal, RuTube, Foursguare, Twitter ба кор бурда мешавад. Имрўз шумораи зиёди шабакаҳо ва барномаҳои мухталифи интернетӣ мавриди истифодаи террористону созмонҳои террористӣ қарор дорад. Онҳо метавонанд дар як лаҳза бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти гуногуни хусусияти экстремистию террористидоштаро паҳн намоянд. Масалан, қаблан мубаллиғони ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо одамон рўбарў истода, таблиғот мебурданд. Ҳоло бошад, онҳо метавонанд бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар фурсати ниҳоят кўтоҳ шумораи зиёди одамонро ба таблиғот фаро гиранд.
Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Ҳамин тавр ҳамагон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем ва ба ҷавонон фаҳмонда бошем, бо тақлидҳои кӯр-кӯрона аз паси гурӯҳҳои ифротгаро нараванд ва худро аз ҳар гуна корҳои номатлуб эмин нигоҳ доранд.
Собирова Нурафшон,
донишҷӯи соли сеюми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума