Терроризм ва экстремизм - яке аз масъалаи мубрам

Мо андешаҳои хешро доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон, Сурия, Ироқ густариш пайдо кардааст, фикр менамоем. Дар робита ба ин масъалаҳо Пешвои миллат зимни баромадҳояшон, аз ҷумла дар Паёми хеш таъкид менамоянд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.

Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст.

Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайрисломӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилиҳои аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, амалҳои он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як хавфе ба ҷомеаи оламиён ва ҷони ҳар як сокини рӯи замин аст. Ин падидаи фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ба ягон дин хос нест. Барои он ки дини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ мебошад. Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру»-у «ҳиҷоб»-и сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва дар ҳеҷ як давру замон низ дар ватани мо роиҷ набуд.

Дигар масъала, дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиѓи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия сафарбар карда истодаанд.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъалаҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳангсозӣ вуҷуд доранд. Вале як чиз бебаҳс аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиат-ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад.

Раванди нави ҳамкориҳои боварибахш, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону Ӯзбекистон танинандоз гардид ва фазои нави муносибатҳоро ба вуҷуд овард, аҳамияти бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дорад. Чунин гардиши куллиро дар муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ эътирози фарҳангсолорӣ ва ваҳдати имонию эътиқодии минтақа ба муқобили душмансози-ҳои мазҳабӣ ва динбозиҳои бемаънӣ дар Шарқи Миёна баҳогузорӣ кардан мумкин аст. Устувор гардидани ҳамкориҳои судманд бегумон шиддати ифротгароии динӣ ва ба доми фиреб афтодани ҷавонони ноогоҳро ба маротиб коҳиш медиҳад, кишварҳои дӯсту бародари минтақаро ба шоҳроҳи ояндаи дурахшон ва рушди устувори иқтисодӣ раҳнамун месозад.

Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.

Ҷабборова Вазира Ҳасановна омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ