Терроризм хатари ҷомеа
Терроризм яке аз равияҳои ифроти буда, тактикаи онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, ки бо истифодаи зӯроварии аз ҷиҳати идеологӣ асосёфта алоқаманд аст.
Моҳияти терроризм зӯроварӣ бо мақсади тарсондан аст. Субъекти зӯроварии террористӣ шахсони алоҳида ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ мебошанд. Имрӯз ин мафҳум дар сар то сари ҷаҳон паҳн шудаасту ҳамагонро ба таҳлука овардааст.
Тибқи расонаҳои иттилоотӣ санаи 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Маълум гардид, ки ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд. Кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуда, ҳадафи онҳо вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Мақсади онҳо ба воситаи зӯроварӣ ноил шудан ба рушди ҳодисаҳои барои террористон матлуб – инқилоб, ноором кардани вазъи ҷомеа, сар задани ҷанг, ба даст овардани истиқлолияти қаламрави муайян, поин рафтани эътибори ҳукумат, гузаштҳои сиёсӣ аз ҷониби ҳукумат ва ғайра мебошад. Бинобар ин ба ҳамаи мардуми сулҳхоҳу ҷавонмардони меҳанпарасти тоҷик муроҷиат намуда гуфтани ҳастам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна гапу каловчаҳо, иғвоҳои хоинони миллат бовар накунанд. Зеро онҳомақсади нопок доранду оромии моро халалдор кардани ҳастанд.
Мо мардуми боору номуси кишвар дар партави сиёсати пешгирифтаи сарвари худ амал мекунем ва намегузорем, ки он хоинони миллат ба мақсади худ расанд.
Биоишаи Назар