Терроризм - хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Омили асосие, ки ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби характери террористӣ-экстремистӣ дошта шомил мешаванд, ин пеш аз ҳама надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, бехабарӣ аз мероси маънавӣ-фарҳангии хеш, бегонапарастию дониши нокифоя доштанашон мебошад. Сабаби дигари паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бархе аз шаҳрвандон бехабар аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон аст, ки боиси шомил шудани онҳо ба гурўҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯи ҳизбу ҳаракатҳои характери террористӣ-экстремистӣ дошта бояд эмин нигоҳ дошт.

Дар ҳама давру замон ҷавонон фонди тиллоии ҷомеаи башарӣ ба шумор мераванд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш таъкид намудаанд: “Ҷавонон ояндаи миллатанд ва ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост...” аз ин рӯ мақсади гурӯҳҳои ифротӣ ин тавассути ҷавонон барои нобуд намудани ҳукумату давлат ва миллатҳо равона шудааст. Он афроде, киба чунин гуруҳҳои номатлуб шомил мешаванд, пеш аз ҳама иназ кофӣ набудани дониши, хусусан дониши динӣ мебошад, ки гурӯҳҳои характери терористидошта аз он васеъ истифода мебаранд. Ин гурӯҳҳои номатлуб ба монанди: «Ҳизби исломии Туркистон», «Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷундуллоҳ», «Ҷамоат Ансуруллоҳ», «Салафия», «Гуруҳи-24», «ҲНИ», «ДОИШ» мебошанд, ки ягона ҳадафи онҳо ноором намудани давлатҳо мебошад ва бо ин мақсад ҷавонони заифиродаро истифода мебаранд. Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои номбаршуда ғоя ва идеяҳи радикалии худро паҳн намуда, ҷавононро аз кишварҳои гуногун, хусуса н мусулмонтабор ба доми худ гирифта ба гирдоби ҷанг мекашиданд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро огоҳ будан аз равандҳои сиёсиву ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ онҳоро водор менамояд, ки пеш аз ворид шудан ба ҳаводиси сиёсӣ таҳлил ва муайян намоянд.

Бо мақсади солим нигоҳ доштани фазои озоду солим ва ҷомеа солим тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандўст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф ва волидайн мебошад. Барои ҳамин насли ояндасози миллатро пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Зеро террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва сарҳадҳои давлатҳоро нодида мегирад.

Ҷомеаро бидуни чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳифз намудан кори ҳар як фарзанди бонангу номус мебошад. Зеро дар шароити ҷаҳоншавӣ ва густариш ёфтани техникаву технологияи муосир, ҳамчунин душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад аст.Аз ин рӯ барои тарбия намудани насли наврас тамоми воситаҳоро баяд истифода намуд, то киба чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Дар замони муосир пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба шумор рафта, ба амнияти ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Дар хулоса гуфтаниям, киҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод ва шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат, модару ватан мебошад. Аммо баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов Ҳ.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ