​Террорист миллат надорад

Чунин унвон дошт чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ, ки бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси технология, шуъбаи таҳсилоти фосилавии факултети санъати тасвирӣ ва технология баргузор шуд.

Мақсад аз ин ташаббус баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён унвон мешавад.

Дар доираи чорабинӣ доир ба сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маълумот дода шуда, роҳҳои муфиди мубориза бо ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки террорист дин, миллат ва Ватан надошта, мубориза бо ин афрод вазифа ва қарзи ҳар сокини сайёра аст. Зеро терроризм ин хатар ба амнияти сокинони тамоми сайёра мебошад.

Ҳамзамон, донишҷӯён дар идома перомуни мавзуъҳои умдаи ҷомеа андешаҳои худро иброз намуда, байни худ табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ