ТЕЪДОДИ УСТОДОНИ СОҲИБУНВОН АФЗОИШ ДОРАД
Дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-103-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 29 апрели соли равон ҳимояи ду рисолаи илмии докторантон баргузор гардид.
Докторанти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Ҷамила Ҷамшедзода рисолаи илмии худро дар мавзуи «Тайёрии касбии омӯзгори ояндаи забони хориҷӣ барои кор бо матнҳои англисӣ» ҳимоя намуд. Рисола таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Меҳринисо Абдуллоева анҷом ёфта, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D011900 – Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ (6D011902 – Назария ва технологияи таълими забонҳои хориҷӣ (таҳсилоти касбӣ) (забони англисӣ)) ба дифоъ пешниҳод гардидааст.

Дар ҳамин Шуро докторанти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Нодира Алимбаева рисолаи худро дар мавзуи «Ташаккули қобилияти эҷодии донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни графикӣ» дар асоси анъанаҳои мардумии халқи тоҷик» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Озод Исломов ҳимоя намуд. Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D010700 – Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ (6D010701 – Назария ва методикаи ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ) пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон, ҳимояи унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷик Бобоҷонова Муаззама дар мавзуи "Таърих ва фарҳанги Хуҷанд аз рӯйи ёдгориҳои археологӣ" дар Шурои диссертатсионии 73.1.017.01 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич пешниҳод шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳимояи диссертатсияҳо ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеаи илмӣ нақши назаррас мегузоранд.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ омӯзгоронро ба ҳимояи бомуваффақияти кори илмӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодии онҳо барору комёбиҳои нав таманно дорад.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”