​Тавсияҳо ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ

Барои ҷомеаи муосири мо зарур аст, ки дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро ба миён гузорем:

Якум. Истифодаи васеи усулҳои маънавиву маърифатӣ дар роҳи мубориза алайҳи терроризму экстремизм: эътибори аввалиндараҷа додан ба тадриси илмҳои дунявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва омӯзонидани ҷанбаҳои тарбиявиву ахлоқии Қуръону ҳадисҳои Паёмбари ислом дар дарсҳои ахлоқшиносӣ, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва фанҳои дигари ҷомеашиносӣ;

Дуюм. Сафарбар намудани нерӯи зеҳнии олимону донишмандони тоҷик ҷиҳати дарки мафҳуми “террор” ва алоқаманд надоштани ислом бо терроризм;

Сеюм. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу равоншиносон таҳия ва ба таваҷҷуҳи тамошобинон манзур намудани филмҳо ва роликҳои кутоҳи видеоӣ аз оқибатҳои даҳшатноки ин масъалаи доғи рӯз дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа тавассути сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, вайбер, ҳамсинфон (одноклассники), расонаҳои хабарӣ (телевизиону радио) ва ғайра;

Чорум.Сафарбар намудани неруи зеҳнии ҷавонони болаёқат (барномасозон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносони ҷавон ва ғайра) бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар маҷмуъ, яке аз самтҳои муҳими фаъолият огоҳсозӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон мебошад, зеро мутахассисон ба он ақидаанд, ки объекти хеле мувофиқ барои қабули ақидаҳои носолим хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва наврасон мебошанд, ки ҳоло пурра ташаккул наёфтаанд ва зудбоваранд. Бинобар ин, бояд аз пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон ва наврасон оғоз карда шавад.

Кор дар ин самт набояд лаҳзавӣ, мавсимӣ ё барои ҳисобот балки доимӣ, ҳадафрас ва фарогири самтҳои гуногуни ҳаёт, инчунин, ба ҳамкории байниидоравӣ ва субъектҳои бар зидди ин ҷиноятҳо муборизабаранда асос ёфта бошад. Яъне, чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатдӯстӣ, риояи урфу анъана ва арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ