​Ташрифи профессори Донишгоҳи Анқара ба донишгоҳ

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода профессори Донишгоҳи Анқара – Саъдуддин Куҷотуркро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот профессор Ҷамшед Ҷӯразода ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмии донишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ ва китобхонаҳои Туркия фоли нек унвон намуд.

Ректори донишгоҳ аз ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи Анқара хотиррасон гардида, ҳамкориҳои илмии олимони ховаршинос, филологҳо ва муаррихонро бо китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии Туркия дорои натиҷаҳои ба илм аҳамиятнок маънидод кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ҳамкориҳо бештар дар самти дарёфти нусхаҳои хаттӣ аз махзанҳои дастхатҳои Ҷумҳурии Туркия ба назар мерасанд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз саҳму ҳамкории арзишманди профессори Донишгоҳи Анқара Саъдуддин Куҷотурк ҷиҳати мусоидат ба дастрасии устодони донишгоҳ ба бисёр нусхаҳои нодири осори Камоли Хуҷандӣ таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои таҳияи матни интиқодии Девони Камоли Хуҷандӣ аз нусхаҳои қаламии маҳфуз дар китобхонаҳои Аёсўфия, Нурусмония, Ҳолат Афандӣ, осорхона ва китобхонаҳои Истамбул, китобхонаи Отиф Афандӣ ва дигар махзанҳои кишвари Туркия фаровон истифода бурдаанд. Аз ҷумла, профессори донишгоҳ Фахриддин Насриддинов бо истифодаи зиёда аз 60 адад нусхаҳои қаламӣ матни интиқодии пуразиши Девони Камоли Хуҷандиро таҳия ва чоп намуд, ки ин падидаи беҳтарин дар матншиносии тоҷик ва умуман камолшиносӣ ба шумор меравад.

Профессор Саъдуддин Куҷотурк ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо баён намуда, ҷиҳати ташаккули равобити илмӣ андешаҳои судманд ироа намуд.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки мулоқоти имрӯза баҳри таҳкими робитаҳои судманду самарабахши олимони ду донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҳамзамон, дар толори раёсати донишгоҳ таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол ва ташаккули равобити илмӣ” маҳфил доир шуд, ки дар доираи он профессори Донишгоҳи Анқара – Саъдуддин Куҷотурк бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ суҳбати муфид анҷом дод.

Мавсуф перомуни мавзӯи «30-соли Истиқлоли тоҷик: ташаккули равобити адабии Тоҷикистону Туркия» суханронӣ намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар андешаҳо иброз кард.

Дар идома чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир ба самараи ҳамкориҳои ҷонибҳо сухан намуда, барои таҳкими ин робитаҳо пешниҳодҳои муфид манзур доштанд.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба профессори Донишгоҳи Анқара Саъдуддин Куҷотурк туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Декани факултети филологияи шарқ Ислом Раҳимов маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба профессор Саъдуддин Куҷотурк ҷиҳати иштирок дар маҳфил ва мулоқоти судманд бо устодону донишҷӯён изҳори сипос намуд.

Дар фарҷом миёни меҳмонон ва иштирокчиён расми хотиравӣ гирифта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ