Таъсири ваъи мураккаби Афғонистон ба кишварҳои ҳамҷавор
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз 40 сол дар кишвари ҳамсояи Афғонистон идома дорад, баъд аз бароварда шудани қӯшунҳои ИМА ва ба зери назорати ТТЭ Толибон даромадани кулли ҳудуди он, то ҳол идома дорад. Толибон бо баробари ба сари қудрат омадан ҳукумати худро дар асоси принсипи ғолибият таъсис доданд. Яъне ба ҳукумати онҳо танҳо намояндагони паштунҳо дохил шуданд, ки боиси норозигии тоҷикон, ӯзбекон, ҳазораҳо ва ғайраҳо, ки дар қисмати Афғонистони шимолӣ ва марказӣ сукунат доранд, гардид. Бояд қайд намуд, ки Афғонистон кишвари гуногунмиллат буда, миллатҳои сернуфузтарин пуштунҳо ва тоҷикон ба ҳисоб мераванд, ки ҳар кадом тахминан 40%-и аз аҳолии онро ташкил медиҳанд. Инчунин ҳазораҳо ва ӯзбекҳо тахминан 9%-и аз аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аз лиҳози динӣ қариб тамоми аҳолии Афғонистон пайрави дини Ислом буда, тахминан 85% суннимазҳаб ва 15% шиамазҳаб мебошанд. Аз ин лиҳоз ба эътибор нагирифтани манфиатҳои миллатҳои ғайрипуштун ва пайрави мазҳаби шиа боиси идома ёфтани ноороми дар Афғонистон гардида истодааст.
Бо баробари аз тарафи толибон ишғол гардидани пойтахти Афғонистон – Кобул ва фирор намудани президент Ашраф Ғанӣ, ҷонишини президент Амруллоҳ Солеҳ, ки тоҷиктабор мебошад, ба шимоли Афғонистон, музофоти Панҷшер ақибнишини намуда, худро президенти Афғонистон эълон намуд. Амрулло Солеҳ якҷоя бо Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд Фронти муборизаи миллӣ таъсис дода, мубориза алайҳи толибонро оғоз намуд. Гарчанде толибон 6 сентябри соли равон оид ба ишғол шудани Панҷшер эълон доштанд, лекин муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд то ҳол идома дорад. Дар баробари ҳамаи ин муборизаи силоҳбадастон боиси азият кашидани ҳазорон аҳолии осоишта гардида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари аз тарафи толибон ишғол гардидани Кобул, фурудгоҳи Кобул, ки дар зери назорати амрикоиҳо буд ва ба воситаи он онҳо шаҳрвандони худро эвакуатсия менамуданд, шаҳрвандони Афғонистон бо ҳар роҳу василаи ба худ хатарнок ба фурудгоҳ ворид шуда, кӯшиши ба тайёра нишастанро мекарданд, ки саҳнаи он боиси ба ҳайрат омадани оламиён гардид. Ин амали шаҳрвандони Афғонистон худ аз он шаҳодат медиҳад, ки режими толибон то кадом дараҷа аз ҷониби аҳолии он дастгири надорад.
15 октябри соли равон дар масҷиди шиамазҳабони Қандаҳор теракт ба амал омад, ки дар натиҷаи он 150 нафар ба ҳалокат расида, 200 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Амали террористии мазкурро ТТЭ ДОИШ, ки бар зидди толибон мубориза намуда истодааст, бар зиммаи худ гирифт.
Дар баробари гуфтаҳои боло дар тамоми ҳудуди Афғонистон намоишҳои эътирозӣ аз ҷониби аҳоли ҷараён дорад, ки он аз вазъияти муташанниҷи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Вазъияти Афғонистон боиси нигаронии пеш аз ҳама кишварҳои ҳамсояи он, ки моро на танҳо сарҳади умумӣ, балки таърих, фарҳанг, урфу одат, дину мазҳаб, забон ва ғайра муттаҳид менамояд, нашуда наметавонад. Барои ҳамин ҳам 20 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки масъалаи асосии баррасишудаи он вазъи мураккаби Афғонистон гардид. Ширкаткунандагони ҷаласа дар изҳороти якҷояи худ оид ба вазъи мураккаби Афғонистон, идомаёбии амалҳои террористӣ, ки сабаби ҳалокати аҳолии осоишта гардида истодааст ва ба давлатдории Афғонистон хатар эҷод карда истодааст, иброз намудаанд. Зарурати ташкили ҳукумати фарогир бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ зикр карда шуд.
Вазъи мураккаби Афғонистон ба кишварҳои ҳамҷавори он, аз ҷумла ба кишвари мо таъсири манфӣ дошта метавонад. Барои ҳамин ҳам кишварҳои мо ба ташвиш омада, баҳри пешгирӣ намудани ҷараёни манфӣ чораҳо андешида истодаанд ва намегузоранд, ки ташкилотҳои ифротгаро фаъолияти худро дар хоки кишварҳои мо низ густариш дода, вазъи сиёсии минтақаро ноором карда бошанд.
Аюбов А. – д.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносӣ
ҳусенов Ф. – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносӣ