​ТАЪСИРИ МУҲИТИ РАҚАМӢ БА РАВАНДҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Таҳаввули муҳити рақамӣ ва густариши иртиботи шабакавӣ ба тағйир ёфтани низоми анъанавии иртиботӣ мусоидат намуда, мақоми аудиторияро дар раванди иттилоотӣ дигаргун сохт. Агар қаблан аудитория бештар ҳамчун қабулкунандаи иттилоот арзёбӣ мегардид, имрӯз корбар ба иштирокчии фаъоли муҳити медиавӣ табдил ёфтааст. Равандҳои истеҳсол, паҳнсозӣ ва истеъмоли иттилоот дар фазои рақамӣ шакли нав касб намуда, имконият фароҳам овардаанд, ки корбар ҳамзамон дар мақоми муаллиф, паҳнкунанда ва тафсиргари муҳтаво фаъолият намояд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз “абзорҳои муҳими ташаккули мавқеи иҷтимоӣ, фаъолнокии шаҳрвандӣ ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷомеа табдил ёфтаанд. Имкониятҳои фаврии интиқоли иттилоот, муҳокимаҳои оммавӣ ва иштироки мустақими корбарон боиси афзоиши таъсири муҳити рақамӣ ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст”.

Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон низ шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи муҳим касб намуда, ба яке аз манбаъҳои асосии мубодилаи иттилоот ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ мубаддал гардидаанд. Платформаҳои рақамӣ имрӯз муҳити фаъоли муҳокимаи масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ташкил дода, ба муносибати ҷомеа нисбат ба воқеаҳои ҷамъиятӣ таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин замина омӯзиши илмии низомҳои таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷамъиятӣ аҳамияти муҳимми назариявӣ ва амалӣ дорад.

Муҳаққиқони соҳаи журналистика ва иртибот таъкид мекунанд, ки рушди технологияҳои рақамӣ муносибати ҷомеа ба иттилоотро тағйир дода, аудиторияро аз “истеъмолкунандаи одии хабар” ба иштирокчии фаъоли раванди иттилоотӣ табдил додааст. Ба андешаи Мануэл Кастелс, ҷомеаи шабакавӣ (network society) муҳитеро ба вуҷуд овардааст, ки дар он иттилоот ва иртибот ба омили асосии таъсиргузорӣ ба ҷомеа мубаддал мегардад.

Дар ҳамин замина таъкид мешавад, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ муҳити наверо ба вуҷуд оварданд, ки дар он ҳар як истифодабаранда метавонад ҳам истеъмолкунандаи иттилоот ва ҳам истеҳсолкунандаи он бошад». Ин раванд боиси тағйир ёфтани мақоми аудитория дар муҳити ВАО гардида, корбаронро ба иштирокчиёни фаъоли фазои иттилоотӣ табдил додааст.

Ба андешаи муҳаққиқ Ғафуров А. «имрӯз корбари шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо қабулкунандаи иттилоот набуда, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли муҳити иттилоотӣ баромад мекунад». Ин омил нишон медиҳад, ки аудитория дар муҳити рақамӣ дигар нақши пассивӣ надошта, ба қисми фаъоли равандҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ табдил ёфтааст.

Дар чунин фазо шабакаҳои иҷтимоӣ қодиранд афкори оммаро шакл диҳанд, ҳаракатҳои шаҳрвандиро фаъол созанд ва ҳатто ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ солҳои охир таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Мавридҳои зиёде собит менамоянд, ки муҳокимаҳои интернетӣ метавонанд вокуниши фаврии мақомоти қудратиро ба вуҷуд оваранд, ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат кунанд ва ҷомеаро барои кумак ба ниёзмандон муттаҳид созанд.

Тавре муҳаққиқ Ҷенкинс Ҳ. таъкид менамоянд, «фазои рақамӣ шакли нави иштироки шаҳрвандиро ташаккул додааст, ки тавассути он ҷомеа метавонад ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсири мустақим расонад». Дар робита ба ин, муҳаққиқи тоҷик Б. Самиев қайд мекунад, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз абзорҳои муҳими ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муҳити муоширати шаҳрвандӣ мубаддал гардидаанд».

Яке аз вазифаҳои муҳими шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир иҷрои нақши назорати ҷамъиятӣ мебошад. Имрӯз ҳар як корбар метавонад тавассути акс, навор ё матни кӯтоҳ ба мушоҳидагари воқеият ва паҳнкунандаи иттилоот табдил ёбад. Маҳз ҳамин имконият боис гардидааст, ки бисёр ҳодисаҳои пинҳонмонда ба муҳокимаи оммавӣ бароварда шаванд. Дар робита ба ин, муҳаққиқи дигар Лоудер Б. таъкид менамояд, ки «имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз воситаҳои муҳими назорати ҷамъиятӣ ва таъсиррасонӣ ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ мубаддал гардидаанд». Ин падида махсусан дар шароити ҷомеаи рақамӣ аҳамияти бештар касб намудааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар бисёр ҳолатҳо ба минбари ҳимояи қурбониёни зӯроварӣ ва беадолатӣ табдил меёбанд. Яке аз намунаҳои равшан қазияи духтари мактабхон аз шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон мебошад. Тибқи иттилооти паҳншуда, духтар чанд моҳ таҳти фишор ва таҳдиди гурӯҳе қарор доштааст. Бадхоҳон ба маълумоти шахсии ӯ дастрасӣ пайдо намуда, ӯро таҳдид мекарданд ва ҳатто маҷбур ба амалҳои ғайриахлоқӣ месохтанд. Гарчанде модари духтар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда буд, масъала муддати муайян ҳалли худро пайдо накард. Танҳо баъди паҳн гардидани ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оғози муҳокимаҳои густурда мақомот тафтишоти ҷиддӣ оғоз намуданд. Дар натиҷа гумонбарон боздошт ва баъдан маҳкум гардиданд. Ин раванд собит месозад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун механизми “бедорсозии адолати ҷамъиятӣ” амал намоянд. Лоудер Б. ва Мерсеа Д. дар китоби худ “Шабакаҳои иҷтимоӣ ва демократия” ин падидаро “digital activism” ё “фаъолнокии рақамӣ” меноманд, ки тавассути он ҷомеа ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ таъсир мерасонад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид сохтани одамон барои анҷоми корҳои хайриявӣ ва дастгирии иҷтимоӣ мебошад. Дар шароити Тоҷикистон ин падида солҳои охир бештар ба назар мерасад. Намунаи барҷастаи он саргузашти кӯдаке бо номи Сулаймон мебошад, ки аз бемории нодир ранҷ мебурд. Барои табобати ӯ доруи гаронарзиши Zolgensma зарур буд, ки арзиши он тақрибан 1,4 миллион долларро ташкил медод. Хонаводаи кӯдак чунин имконият надошт. Аммо баъди паҳн шудани саргузашти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи васеи ҷамъоварии маблағ оғоз гардид. Блогерон, фаъолони ҷомеа ва ҳазорон корбар ба ин иқдом ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ гардида, кӯдак табобат гирифт. Ин мисол нишон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз танҳо воситаи паҳнсозии иттилоот нестанд, балки механизми ташкили ҳамбастагии иҷтимоӣ низ мебошанд. Дар ин замина таъкид мегардад, ки «технологияҳои рақамӣ имкони муттаҳидшавии фаврии одамонро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ фароҳам овардаанд». Ба гуфтаи Клей Ширки, технологияҳои рақамӣ имкони “амали дастаҷамъии арзон”-ро фароҳам овардаанд, яъне одамон метавонанд бе сохторҳои расмӣ зуд муттаҳид шаванд ва иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Дар фазои рақамӣ муҳтавои визуалӣ, аз қабили акс, видео ва филмҳои мустанадтаъсири бузург дорад. Саргузашти Маҳбуба Ғаниева аз шаҳри Кӯлоб намунаи равшани чунин таъсир аст. Қиссаи зиндагии ӯ баъди пахши филми мустанади “Нони оҳанин”, ки аз ҷониби Радиои Озодӣ омода гардида буд, ба ҷомеа маълум шуд. Дар филм зиндагии сангини зане нишон дода мешуд, ки баъди марги шавҳараш бе сарпаноҳ монда, барои таъмини фарзандонаш ба ҷамъоварии оҳанпора машғул буд. Пас аз паҳн гардидани филм дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон нафар барои кумак ба ӯ муттаҳид шуданд. Дар натиҷа бо маблағҳои ҷамъшуда барои ӯ манзили истиқоматӣ харидорӣ гардид. Дар чунин ҳолат муҳтавои визуалӣ нақши муҳим мебозад, зеро «муҳтавои визуалӣ ва мултимедиявӣ дар муҳити рақамӣ нисбат ба матни анъанавӣ таъсири бештар ба эҳсос ва афкори аудитория мерасонад». Маҳз ҳамин хусусият боис мегардад, ки журналистикаи рақамӣ дар замони муосир бештар ба форматҳои визуалӣ ва ҳикояҳои инсонмеҳвар рӯ оварад.

Муҳаққиқи тоҷик Ф. Раҳмонов низ таъкид менамояд, ки «истифодаи муҳтавои мултимедиявӣ ва визуалӣ дар расонаҳои интернетӣ ба баланд гардидани сатҳи таъсиррасонии иттилоот ба аудитория мусоидат менамояд». Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири Осиёи Марказӣ ба нерӯи муассири иҷтимоӣ ва иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Онҳо муҳити мубодилаи иттилоот, воситаи ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳифзи адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандӣ мебошанд.

Мисолҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон собит менамоянд, ки муҳокимаҳои интернетӣ метавонанд фаъолияти мақомоти давлатиро фаъол намоянд, ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат кунанд ва ҷомеаро барои анҷоми иқдомҳои хайриявӣ муттаҳид созанд. Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ нақши журналистикаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Рустам Гулов, шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба “нерӯи воқеии шаҳрвандӣ” табдил ёфтаанд ва таъсири онҳо бо афзоиши теъдоди корбарон боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии равандҳои иртиботии муҳити рақамӣ, таҳқиқи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва муайян намудани имкониятҳои онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои илми журналистика ва ҷомеашиносӣ аҳамияти муҳим дорад.

Шаҳноза Зарифова,

дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии

факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ