Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ бапсихологияи ҷавонон

Бартараф ва ҳал намудани бисёре аз муаммо ва масъалаҳои ҳаёти инсон аз рушди технологияи коммуникатсионӣ ва интернет робитаи зич дорад. Дар баробари он, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли бештари муаммоҳои ҳаёти инсон таъсири мусбат гузошт, инчунин рушди босуръати интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ барои давлатҳои миллӣва системаи амнияти миллии онҳо як қатор таҳдиду хатарҳоеро ба вуҷуд овардааст, кинигоҳи илмӣ ва воқеӣ намудан ба масъалаи мавриди назар ва баён доштани дидгоҳи мушаххас, шинохти манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ, майдони моҷаро гардидани фазои маҷозӣ, роҳу воситаҳои муаасири ҳимоя аз таҳдидҳои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муҳиму саривақтӣ аст.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза вазифа ва салоҳиятҳои давлат афзоиш ёфтааст. Ин ҳолатро дар раванди ҷаҳонишавӣ рушди босуръати интернет ва падид омадани фазои маҷозӣ тақвият бахшидааст. Имрӯз интернет воситае гардидааст, ки созмонҳои терористиву экстримистӣ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Инчунин, тавассути интернет ҷавононро ба ба гурӯҳҳои экстримистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ ба ҳар як давлат мебошад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузаштаҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ташкилоти экстримистию террористии ба ном “Давлати исломӣ” мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути интернет ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз бо пайдоишу рушди интернет ва фарогир гардидани фазои маҷозӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ки ҷузъи таркибии системаи амнияти миллӣ мебошад, рӯзафзун гардида, даққати бештари сиёсатмадорон ва муҳаққиқони сиёсатшиносро ба худ ҷалб намудааст. Имрӯз дар доираҳои гуногуни илмҳои сиёсӣ мавзӯҳое чун таъмини амнияти иттилоотӣ, хатару таҳдидҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти миллӣ, озод гузоштан ё маҳдуд намудани майдони фаъолияти шабаҳои иҷтимоӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба арзишҳои миллӣ ва дигар мавзӯҳои ҳамсон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд.

Дар шароити бо суръати баланд рушд намудани теникаю технология ҳифзи маълумоти махфӣ, шахсӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷудогона, ки тавасути шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ чунин хатарҳо таҳдид мекунад. Яке аз амалҳое, ки имрӯз барои гумроҳ намудани ҷавонон тавассути интернет ба роҳ монда шудааст, пахш намудани ҳар гуна маводу наворҳои ифротгароӣ ва барангезандаи кинаву адолати миллӣ мебошад. Ба таври мушаххас қайд намудан зарур аст, ки таҳдидҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба амнияти миллии кишвар ба назар мерасанд, бештар хусусияти психологӣ доранд. Тибқи қонуниҶумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, иттилооти хусусияти иғвоангезӣ ва миллатгароӣ, инчунин маълумоте, ки шаъну тшарафи инсонро паст мезанад ва ё истифодаи маводи мухадирро тарғиб мекунад, манъ карда шудааст, вале дар фазои иттилоотӣ татбиқи он комилан ғайриимкон аст.

Аз замоне, ки интернет пайдо шуд, сари истифодаи он баҳсҳои тезу тунд сурат мегирад. Дар шароити пуртазоди муосир ва хатарҳои сиёсӣ интернет чӣ нақше дорад ва истифодаи ба мавриди он аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон фарҳангӣ дуруст истифодабарии интернетро омӯхтааст ё на? Ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳилаи омӯзиши маданаияти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ қарор дошта, то ҳол тарзи истифодаи дурусти он ба маънои куллӣ ташаккул наёфтааст. Чунки ҳар як зуҳуроти наве, ки дар ҷомеа пайдо мегардад, дар аввал бетартибона истифода мешавад. Бо мурури замон ва арзишу меъёрҳо ин муносибатҳо ба танзим дароварда мешаванд. Мутаасифона субъектоне, ки барои ташаккули он саҳмгузоранд, то ҳол бетарафӣ зоҳир мекунанд. Албатта дар ин ҷо истифодабарандагони интернетро пурра гунаҳкор карда наметавонем, чунки онҳо дар ин самт роҳнамое надоранд. Чуноне, ки медонем ҳар як соҳа кодекси ахлоқии худро дорад, аммо дар Тоҷикистон шабакаи интернет чунин кодекс надорад. Фарҳанги истифодаи интернет дар Тоҷикистон танҳо бо мурури замон ташаккул хоҳад ёфт.ҷавонон қишри калидӣ ва осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар равандҳои сиёсӣ таваҷуҳи гурӯҳҳои манфиатҷӯй ба онҳо бештар равона мегардад.

Ҳар як падидае, ки дар ҷомеа пайдо мешавад аз ду паҳлӯ яъне мусбат ва манфӣ иборат аст. Ҷиҳати мусбати шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернет ба ҳамагон маълум аст, ки дастрасӣ ба маълумотҳои лозима осон мегардад. Инчунин дар системаҳои маориф, агентҳои реклама, нуқтаҳои фурӯши билетҳо ва дигар ниҳодҳо аз интернет ба таври васеъ истифода мекунанд. Ҳатто дар хориҷа корхонаҳои саноатӣ, комилан пойбанди интернет гардида бе интернет истеҳсолоти онҳо пеш намеравад.

Ҷиҳати манфии интернет дар он аст,ки гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ ин падидаро ҳамчун аслиҳа истифода мебаранд. Онҳо бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро, ки ҳоло шуурнокиашон ташаккул наёфтааст, бо ҳар гуна ваъдаҳои подарҳаво ба худ ҷалб месозанд. Психологияи инсон чунини аст, ки агар ӯро муддати дароз ба коре водор созӣ, ҳатман рӯзе ба он чалб мегардад. Гурӯҳҳои мухолиф низ психологияи ҷомеаро хуб омӯхта, баъдан ба мағзшӯӣ мепардозанд. Шахсе, ки аз сомонаҳои интернетӣ самаранок истифода мебаранд, ҳеҷ гоҳ пойбанд ва ба фиреби ягон гурӯҳу ҳаракатҳо мухолиф намегардад.

60 фисади ҷинояткорони ретсидив ҷинояти аввалини худро дар айёми навраси содир кардаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наврас худро шахси ба камол расида дар ҷамъият мешуморад ва кирдору ҳаракатҳое, ки содир мекунад баҳои мусбӣ медиҳад. Дар ин айём наврасон ба шахсиятҳои муайян тақлид менамоянд. Ногуфта намонад, ки дар кинофилми детектавӣ қаҳрамони ҷинояткорро ситоиш мекунанд ва ин ба ҷинояткории наврасон таъсир мегузорад.

Мо ҷавонони ватанро аз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон даъват ба амал меорем, ки насли наврасро дар руҳияи арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва гиромидошти марзу бум тарбия намоем. Бояд қайд намуд, ки мо ҷавонон ҳар амали некро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, зеро ин ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Дар шароите, ки хатару таҳдидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар гардидаанд, зарур аст, ки системаи интернетии таҳдидовар ва ғайриахлоқонаву ғайримиллии фазои Тоҷикистон назорат, пешгирӣ ва бартараф карда шавад. Дар ин раванд истифода намудан аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта бамаврид аст. Махсусан бо технологияи муосир назорат намудани фазои маҷозӣ ба манфиати раванди таъмини амнияти миллии Тоҷикистон аст.

Ташаккул додани полимҳои киберӣ тадбири муҳим дар самти пешгирии хатарҳои интернет аст. Имрӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон полисҳои киберӣ фаъолият менамоянд, онҳо ба ҷустуҷӯи хатару таҳдидҳо машғуланд ва дар ҳолати пайдо гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ онҳоро зуд бартараф месозанд.

Қабул намудани Кодекси ягонаи ахлоқи барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ба назар мерасад. Мардуми тоҷик дар тӯли таърих, ҳамеша офарандаи тамаддуну ахлоқи башарият ва фарҳанг будаасту ҳаст. Ин омил метавонад тавассути ташвиқу тарғиби барномаҳои махсус ҷавононро аз ҳар гуна таҳдидҳои интернетӣ, аз ҷумла, фанатизми динӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ба роҳ монда мешавад, пешгирӣ намояд.

Багузор намудани семинарҳои омӯзишӣ доир ба самаранок истифода намудани интернет дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон хеле зарур аст. Ба ҷавонон омӯзониданипсихологияи дарк намудани мафҳуми “вақт” аз манфиат холи нест, зеро самаранок истифода намудани вақт ин худ яке аз роҳҳои аз ҷаҳолият ва ҳар гуна амалҳои зараровар аст.

Ҳамчунин, фаҳмонидани воқеият, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи асосии фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкор ва экстримистиву террористӣ гардидаанд, муҳимияти хос дорад.

Новобаста аз ҳамаи он суханоне, ки дар боло зикр шудаанд, боварӣ дорам, ки шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо зараровар мебошанд, балки ҳамчун фоида низ метавонанд баромад кунанд, барои ин танҳо онҳоробояд ба манфияти кор истифода бурд ва албатта дар ҳамаи кор бояд меъёрро донист. Шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор вазифаҳои фоидаоварро низ доро мебошанд, ки ба зиндагии инсонҳо сабукиро ворид месозанд.

Мирзоқулов Ҳаётҷон, мудири шуъбаи тайёрии тодонишгоҳӣ ва кор бо довталабон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ