​Ташаккулӣ маҳорати педагогӣ


Аз санаи 20 сентябр то 30 октябри соли равон донишҷӯёни бахши чорумb факултети забонҳои хориҷӣ барои гузаштан аз таҷрибаи педагогӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров сафарбар карда шуданд. Мувофиқи тақсимот 17 нафар донишҷӯёни гурӯҳи 407-и факултети забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии методист Раҷабова Н.М., роҳбар – педагог Бобоева М.Р. ва роҳбар – психолог Бобоҷонова Н.Д. ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Донишҷӯён ба синфҳои 8-11 вобаста шуда, ҳамчун ёвари роҳбари синф ва омӯзгори забони англисӣ фаъолият бурда истодаанд. Таҷрибаомӯзон дар дарсҳои забони англисӣ аз методҳои интерактивӣва коммуникативӣ васеъ истифода бурда истодаанд, ки раванд бaрoи бaлaнд бaрдoштaни cифaти дaрc ва такмили малакаи касбӣ мусоидат мхоҳад кард.

Таҷрибаомӯзон дар давоми фаъолияти худ дар муассисаи номбурда дарсҳои муқаррарӣ ва кушоди худро ба роҳ мондаанд. Зимни таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби таҷрибаомӯзи гурӯҳи 407Манижа Бобоҷоновадар синфи 11 “в” дарси кушоддар мавзӯи “Different cultures between two countries” – “Тафовути фарҳангӣ байни ду кишвар” ташкил ва гузаронида шуд. Ба дарси таҷрибаомӯз намояндагон аз шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Замирахон Сатторова ва ҷонишини сардори раёсати таълим дотсент Эҳсон Раҷабов, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Ҳошимова Н.М. ва дигар масъулини ширкат варзиданд. Дарс бо усулҳои муосири таълим, муносибати босалоҳият ба роҳ монда шуда оназ 8 иборат буд. Дарсро таҷрибаомӯз бештар бо истифода аз методи интерактивӣ, яъне усули кори гурӯҳӣ ташкил намуд. Хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳҳо тафовути фарҳанги байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мубоҳиса намуданд, ки барои донишандӯзӣ ва ташаккули нутқи шифоҳии онҳо хело муфид буд. Таҷрибаомӯз бо хонандагон муносибати инфиродӣ намуда, хусусиятҳои психологӣ ва шавқу ҳаваси онҳоро ба инобат гирифта дарсашро ба аз лиҳози методӣ дуруст ташкил намуд. Дар дарс бозиҳои мантиқӣ ба назар мерасид, ки тавассути он хонандагон калимаҳои навро бо тезӣ ва осонӣ аз худ менамуданд. Лаҳзаи мустаҳкамкунӣ хеле шавқовар ба роҳ монда шуда, хонандагон фаъолона дар машғулиятҳо иштирок доштанд.

Боиси зикр аст, ки дарсимазкур асосан барои ташаккули малакаи нутқи шифоҳӣ, ҷаҳонбинӣ ва мантиқан фикронии хонандагон мусоидат намуда, аз ҷиҳати методӣ, психологӣ ва педагогӣ дурустташкилвароҳандозӣ карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ