​Тарсӯро хоб намебарад?!

Нафари хиёнатпешаю мазҳабфурӯш, ватангадою ғариб, сардори рӯбоҳмиҷози ТТЭ ҳизби мамнӯи наҳзати Ислом Муҳиддини Кабирии фосиқ дар сарзамини аҷнабӣ ба табибе аз бехобии худ шикоят намуда муолиҷаи онро хоҳиш менамояд. Табиб барои аниқу дақиқ намудани аҳволи бемор баъд аз пурсуҷӯи нишонаҳои беморӣ аз маъхазҳои мавҷуда, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷараёни фаъолияти Кабирӣ ошно мегардаду дар ҳайрат мемонад. Бо ҳамкасбони худ маслиҳат (консулиум) мегузаронаду ба андешае меояд, ки асли беморӣ аз қалби нопоку ботини сиёҳи Кабирӣ мебошад. Ба Кабирии палиду дасисабоз пешниҳод менамояд, ки барои давои ин бемориаш беҳтар аст, ки дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ гардаду табобати асосӣ дар иваз кардани хуни нопоки ӯ бо хуни дигар мебошад. Кабирӣ чун одати пешинаи такаббурӣ ба табиб бо нигоҳи тамасхурона киноя мекунад, ки худи табиб носолим асту давои бемории ӯро пайдо карда натавонистааст.

Табиби соҳибтаҷриба бошад, медонист, ки ин нафар бемории рӯҳӣ дорад, ҳарфе нагуфта ба ёваронаш ишорае карду онҳо Кабириро зӯран либоси махсуси девонагон пӯшонида дар палатаи махсус маҳкам мекунанд ва давоми даҳрӯзаҳо бо иваз кардани хуни бадан ва табобатҳои дигар машғул мешаванд. Вале, мебинанд, ки натиҷаи мусбӣ ба даст наомада истодааст. Маҷбур мешаванд, ки ба равоншиносону табибони дигар муроҷиат намуда аз сабаби нокомии давои бемории бехобӣ пурсон мешаванд. Баъд аз муҳокимаҳои бардавом ба хулосаи муайян омада наметавонанд ва ба олими ҷомеашиноси маъруфи ҳамватани худ ҳолати баамаломадаро баён медоранд.

Олими маъруф аз кирдорҳои Кабирии палид ва ҳаммаслакони разили ӯ бохабар буду бемориро чун “тарсӯи аз охират” ташхис гузошт. Муайяну муфассал аниқ кард, ки бо ивази хуну дорувориҳои мавҷуда чунин тоифаи нобакорро натавон муолиҷа кард. Зеро, манбаи бемории мазкур дар майнаи сари онҳост, вале имкони ивази майнаи сар то ҳол нопайдост. Дақиқ карда шуд, ки ин тоифа нафарони муғризу иғвогар, дасисабози бӯҳтонбофро ягона тадбир буридани сару гардани палидолуд аст, ки меъёрҳои инсонигарӣ онҳоро манъ намудааст. Чунин буд хулосаи аҳли тибу мутахассисони босалоҳият.

Зеро, аниқ карда шудааст, ки ҳатто нафари бахилу ҳасудхӯр, муғризу палид ва дилсиёҳу рӯсиёҳ ҳам дарк менамояд, ки манфурию разилӣ кори нохубест ва ҳатман сазовори ҷазо аст. Асорати ин гуноҳҳоро ҳам дар дунёи ҳастӣ ва ҳам фонӣ мебояд кашид. Сабаби аслии бехобии Кабирӣ ва чоплусони думбардори ӯ дар он аст, ки аз оқибати хиёнату ватанфурӯшӣ, мазҳабфурӯшиву кирдорҳои дигари палидонаи худ метарсанд. Ваҳму тарси ҷон онҳоро намемонад бароҳат хоб раванд. Бадгумонӣ аз якдигар доранду баҳри қаноати нафси хеш омодаанд ҳамсафони роҳгумзадаи хешро ба ивази пули пучак бадал намоянд ё фурӯшанд. Аз тарси ҷон рӯзи равшан пинҳонӣ меҷӯянду дар торикии шаб симои палиди худ вонамо мекунанд.

Аслан, бало бар паси ифротиёни наҳзатӣ гуфта барои ифшои амалҳои нопоки онҳо вақти пурқимат харҷ кардан на он қадар зарур аст. Вале, танҳо муқовимати пайваста бо ин афроди нопоки ифротӣ барои пешгирии шомилшавию гумроҳшавии нафарони нав нафъовар асту мебояд дар ин ҷода фаъолу пурмаҳсул бошем. Бинобар ин, орзумандем, ки бемориҳои бедавои наҳзатиёни ифротӣ аз доираи худи онҳо берун паҳн нашаваду мардуми кишвар аз ҳар балоҳои наҳзатӣ эмин бошанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ