​Таҷрибаомӯзӣ – зинаи аввали коромӯзӣ

Донишҷӯёни соли чоруми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси таҳсилоти ибтидоии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус барои таҷрибаи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз санаи 19 сентябр то 30 октябри соли 2022 идома меёбад.

Масъулини факултет зимни конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ оид ба роҳу равиши ба роҳ мондани марҳилаи коромӯзӣ, ташкили ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзӣ, риояи тартибу интизом, мавқеи таҷрибаомӯзӣ дар ҷараёни таълим, аҳамияти он дар ташаккулёбии малака ва маҳорати донишҷӯён, вазифаҳои давраи таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён маълумот доданд.

Ҳамзамон, перомуни мавзӯи “Татбиқи амалии усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои синфҳои ибтидоӣ” маърӯза шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ