Таҷрибаомӯзӣ – василаи татбиқи донишҳои назариявӣ

Дар доираи озмуни "Таҷрибаомӯзи беҳтарин" дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарсҳои кушод баргузор гардиданд.
Санаи 12-уми декабр таҷрибаомӯз Шаҳзода Кенҷаева дар МТМУ №23 дарси кушод баргузор намуд. Ҳадаф аз ин озмун таъмини татбиқи донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии таҷрибаомӯзон унвон мешавад.
Ҳамзамон, дар МТМУ №10 таҷрибаомӯз Замирра Абдураҳмонова дарси кушод дар мавзуи “Шӯриши Восеъ” гузаронид.
Чунин дарсҳои кушод на танҳо барои рушди малакаҳои амалии таҷрибаомӯзон, балки барои беҳтар намудани сифати таълим ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар шароити воқеии таълимӣ нақши муҳим мебозанд.
Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил