ТАҶРИБАИ ДАРСҲОИ НАМУНАВӢ – ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛ
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани сифати таълим, баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ ба як анъанаи судманд табдил ёфтааст.
Тайи ду ҳафтаи охир дар донишгоҳ 26 дарси кушоду намунавӣ ва 7 дарси онлайнӣ баргузор гардида, ҳамзамон машғулиятҳои устодони соҳибтаҷриба сабт ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин раванд истифодаи технологияҳои муосири таълим, методҳои интерактивӣ ва бозиҳои мантиқӣ барои ҷалби фаъоли донишҷӯён бештар ба назар мерасад.
Аз ҷумла, дарси намунавии муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология ва туризм Муинова З.М. дар мавзуи «Тавсифи умумии хоҷагии халқ ва хусусиятҳои хоси он» бо сатҳи баланди методӣ баргузор гардид.
Аудитория бо аёниятҳои таълимӣ аз ҷумла: харитаи ҳудудӣ-маъмурии Тоҷикистон, харитаҳои ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистон, буклетҳо оид ба соҳаҳои саноат ва намудҳои он, минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, адабиёти илмӣ, дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таҷҳизонида шуда буд. Дарс бо хондани Суруди миллӣ оғоз гардид. Донишҷӯён аз ашъори шоирону адибон дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Модар, табиат шеърҳо хонданд.
Омӯзгор мавзуи навро бо истифода аз муаррифӣ, харитаи ҳудудӣ-маъмурии Тоҷикистон, харитаи ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистон баён намуданд. Дар рафти дарс омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурд. Ҳангоми мустаҳкамкунии мавзуъ барои рушди тафаккур ва тараққӣ додани қобилиятҳои фикрии донишҷӯён чистонҳои географӣ ва расмҳои “Оё медонед?” пешниҳод шуд, ки донишҷӯён фаъолнокии худро нишон доданд.
Ҳамин гуна дарсҳои кушоди ҷолиб аз ҷониби омӯзгорони ҷавони донишгоҳ, аз ҷумла дотсенти кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Мусаввар Орипова, муаллими калони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ Парвина Ризоева, муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Бисайфура Валиева, муаллими кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Таҳмина Абдуллозода, муаллими кафедраи назарияи физика Дилшод Ҳобилов, доктори фалсафа (PhD), муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Истадҷон Азимӣ, ассистенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ муаллим Бимадина Бобоҷонова ва дигарон дар сатҳи баланди салоҳиятнокӣ ва маҳорати касбӣ гузаронида шуданд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”